Раҳим Маҷидов — (5.03.1930, гуз. Юсуф Харроти шаҳри Самарқанд - 20.12.2010, Душанбе), файласуф. доктори илми фалсафа (1982), профессор (1987). Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон. (1991).

Раҳим Маҷидов
Раҳим Маҷидов
Таърихи таваллуд 5 март 1930(1930-03-05)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 декабр 2010(2010-12-20) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Унивеститети давлатии Самарқанд

Зиндагинома вироиш

Факултети таърихи Унивеститети давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоиро хатм кардааст (1951). Муаллими таърих ва мудири қисми тарбиявии мактаби миёнаи № 14 н. Қароқишлоқи вилояти Самарқанд (1951-1953), муд. кабинет ва омӯзгори кабинети марксизм-ленинизми Институти давлатии педагогии Самарқанд ба номи М. Горкий (1953-1956), лабор., ассис. кафедраи фалсафаи УДС ба номи А. Навоӣ (1957-1960). Соли 1960 ба Душанбе омадааст. Ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1960-1962), асп. Институти фалсафаи Академияи илмҳои СССР (1962-1965). Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ (1965) ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1966-1970), дотсенти кафедра, и.в. муд. каф. атеизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1970-1973), ходими калони илмии сектори атеизми илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1973-1983). Рисолаи докториро дар Институти атеизми илмии АИҶ назди АИ СССР (Москва) дифоъ кардааст (1982). Мудири шуъбаи таърихи дин ва атеизми илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1983-1991), корм. пешбари шуъбаи таърихи фалсафа ва дини Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи академик А. Баҳоваддинов (1992-2006).[1]

Осор вироиш

  • Оё динҳои ҳақиқӣ ҳастанд. – Д., 1970;
  • Вазифаҳои муҳими пропагандаи илмӣ-атеистӣ. – Д., 1971;
  • Преодолениерелигиозности в условиях перехода к социализму, минуя капитализм. – Д., 1973;
  • Ривоҷи атеизм дар Тоҷикистон. – Д., 1975; Таъсирнокии тарғиботи илмӣ-атеистӣ. – Д., 1977;
  • Особенности формирования атеистического мировоззрения женщин (на материалах Тадж. ССР). – 1977;
  • Ислам. – Д., 1980;
  • Назария ва амалияи тарбияи атеистӣ. – Д., 1978;
  • Ислам и атеизм в вопросах и ответах. – Ташкент, 1980 (соавтор);
  • Утверждение социалистического образа жизни в республиках Советского востока и его влияние на процесс секуляризации (На материалах Таджикистана): Дисс…доктора филос. наук. – М., 1982; * Ислам в СССР. – М., 1983 (соавтор);
  • Тарзи ҳаёти сотсиалистӣ ва атеизм. – Д., 1984.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 77. ISBN 978-99947-958-2-6.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 330-331.