Раҳмат Акбаров (4 январи 1939, деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — математик, доктори илмҳои физика ва математика (2009), профессор (1998), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999).

Раҳмат Акбаров
Таърихи таваллуд 4 январ 1939(1939-01-04) (85 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1962)
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома вироиш

Раҳмат Акбаров хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1957) ва Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1962). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (1962—1965). Муаллим, муаллими калон, дотсент (1965—1982), мудири кафедра (1982—1998), декани факултети математика (1998—2004) ва аз соли 2004 мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Акбаров оид ба назарияи масъалаҳои канории функсияҳои аналитикӣ ва умумишудаи аналитикӣ бо сарбории аъзои озод ва шартҳои иловагии шакли моментҳо тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи беш аз 80 мақолаҳои илмию оммавӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Математикаи олӣ, ҷилдҳои 1 — 3, Д., 1999, 2000, 2004.
  • Краевые задачи теории аналитических функций и соответствующие им особые интегральные уравнения с заданными главными частями, Д., 2006.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш