«Рейтер» (англ. Reuters) — аввалин оҷонсии иттилоотӣ дар ҷаҳон ва яке аз чор оҷонсии иттилоотии бузургтарин ҷаҳон, Дар Қaнoрии Варфи Лондони Бритониёи Кабир ҷойгир буда, моликаш Томсон Рейтер (Thomson Reuters) аст. Соли 2008 оҷонсии иттилоотии Рейтер (англ. Reuters) ширкати мустақили Рейтер Груп плс (Reuters Group plc) ба худ тобеъ кард, ки вазъи бозори молиявиро меомӯхт. Он бо забонҳои англисӣ, франсавӣ, арабӣ. итолиёӣ, партугалӣ, русӣ, ҷопонӣ, ва хитоӣ иттилоот ҷамъоварӣ мекунад.

Рейтер
англ. Reuters
Навъ хабаргузорӣ ва ширкати тиҷорӣ
Таъсисёбӣ октябри 1851
Бунёнгузорон Paul Reuter[d]
Макон
Бахш санъати мухобирот[d]
Шумораи кормандон
  • 2 500 тан
Ширкати модарӣ Thomson Reuters[d]
Ширкатҳои духтарӣ Reuters TV[d]
Сайт reuters.com(англ.)

Таърих вироиш

Оҷонсии Рейтер соли 1851 аз ҷониби Паул Луис Рейтер (Paul Julius Reuter) дар минтақаи Роял Эксченҷи Лондон таъсис ёфтааст. Паул Рейтер дар як фирмаи нашри китоб дар Берлин кор мекард ва он дар оғози Инқилоби соли 1848 барҳам хурд, ки рисола ва памфлетҳои радикалӣ паҳн мекард. Онҳо нашриётро бо эҳтиёткорона ба Рейтер оварданд. Дертар, соли 1949 намунаи хадамоти иттилоотӣ рушд кард. Онҳо аз телеграфи электрикӣ ва хаткашонии кафтарҳо истифода мебурданд. Ширкати телеграмавии Рейтер баъдтар барҳам хӯрд. Ин ширкат дар ибтидо ба иттилооти тиҷоратӣ, хадамоти бонкӣ, фурӯши хона ва фирмаҳои тиҷоратиро дар бар мегирифт. Аввалин рӯзномае, ки ба Рейтер обуна шуда буд, «Субҳи рекламадеҳ» (Morning Advertiser)-и чопи Лондон дар соли 1858 мебошад. Дар давоми солҳо Рейтер нахуст дар Аврупо баъдан дар тамоми ҷаҳон шуҳрат ёфт ва нахустин оҷонсие буд, ки аз хориҷа гузориш медод. Аввалин гузориш дар Рейтер ин гузориши Абраҳам Линколн (Abraham Lincoln) буд, ки чун намуна муаррифӣ шуд. Имрӯз қариб тамоми васоити ахбори оммавии ҷаҳон аз матолиби Рейтер истифода мебаранд. Оҷонсии Рейтер дар бештар аз 200 шаҳр ва 94 намояндагӣ дошта, ба 20 забон ахбор интишор мекунад. Охирин намояндаи оилаи Рейтерҳо Маргарита, Баронесс де Рейтер 25 январи соли 2009 дар синни 96 солагӣ, баъд аз бемории фалаҷи майна вафот кард.

Талаботи рӯзноманигорӣ вироиш

Рейтер барои нигаҳ доштани беғаразии рӯзноманигорӣ сиёсати ҷиддиро пеш гирифтааст. Ин сиёсат барои он аст, ки ба ҳассосият роҳ надодан дар гузоришҳо барои сӯйи истифода накардан аз вожаи «террорист», аз ҷумла таркишҳои 11 сентябри соли 2001 дар ИМА. Дар Рейтер инчунин сухани террорист ва умуман иттилоот дар ин мавзӯъ манъ аст. Муҳаррири иттилооти глабалӣ Стефен Ҷакис навишта буд: «Мо ҳама медонем, ки як марди террорист аз дигар мардони озоди мубориз чӣ фарқ мекунад ва Рейтер принсипи истифода накардан аз мафҳуми „террорист“-ро нигоҳ медорад». Ин муҳимтарин нишондоди касбӣ барои журналистони ин оҷонсии иттилоотӣ буда, ин таҷриба бесобиқа дар фаъолияти ВАО-и ҷаҳонист.

Сиёсати забонӣ вироиш

Фазои мубодилаи иттилоот вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш