Ро́берт Ҳа́тчингс Го́ддард (англ. Robert Hutchings Goddard, 5 октябр 1882[2][3][4][…], Вустер[d], Массачусетс[5]10 август 1945[5][2][3][…], Балтимор, Мэриленд[5]) — олими амрикоӣ дар соҳаи техникаи мушаксозӣ.

Роберт Годдард
англ. Robert Hutchings Goddard[1]
Таърихи таваллуд 5 октябр 1882(1882-10-05)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 август 1945(1945-08-10)[5][2][3][…] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кайҳоннавардӣ[d], физик[6] ва discoveries and inventions[d][6]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Arthur Gordon Webster[d][7]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Институти политехникии Вустерро хатм кардааст (1908). Аз соли 1907 дар соҳаи мушаксозӣ бо фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул буд. Дар Донишгоҳи Кларк кор кардааст (1914—1943 профессор). Солҳои 1942—1945 директори Бюрои таҳқиқоти ҳавопаймоии назди Вазорати ҳарбию баҳрии ИМА буд. Соли 1921 ба ҷои мушакҳои баландпарвози борутӣ таҷрибаҳои мушакҳоро бо сӯзишвории моеъ оғоз намуд. Соли 1926 бори аввал мушак бо муҳаррики сӯзишвории моеъ парвоз намуд. Баландии парвози он 12,5 м, дурии парвоз 56 м, вақти парвоз 2,5 с буд. Соли 1941 вазни мушакҳои Г. 350 кг ва қувваи кашиши онҳо 450 кг-ро ташкил медод. Солҳои 1914—1940 Роберт Годдард дар соҳаи техникаи мушаксозӣ 83 патент ба даст овардааст. Баъди фавти Роберт Годдард барои маводди осорхонааш 131 патент ба қайд гирифта шуд. Фаъолияти таҳқиқотию эҷодии Роберт Годдард оид ба озмоиши чандин мушакҳои таҷрибавӣ бо муҳаррикҳои сӯзишвории моеъ барои фатҳи коинот ва рушди кайҳоннавардӣ дар асри 21 мусоидат намуд. Соли 1959 Конгресси ИМА баҳри абадӣ гардондани номи Роберт Годдард барои олимон ва мутахассисони соҳаи мушаксозӣ медали Годдардро таъсис дод.

Яке аз танӯраҳои Моҳ ба номи Роберт Годдард гузошта шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш