Розия Нурмуҳаммедовна Ҳайдарова (тав. 18.06.1925, шаҳри Алмаато – ваф. 18.02.2008, шаҳри Душанбе), географ, номзади илмҳои география (1955), дотсент (1963).

Розия Ҳайдарова
Розия Нурмуҳаммедовна Ҳайдарова
Таърихи таваллуд 18 июн 1925(1925-06-18)
Зодгоҳ Алмати, ҶШС Қазоқистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 18 феврал 2008(2008-02-18) (82 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1942–1946 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1946–1949 аспиранти кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии донишкадаи омӯзгории пойтахт ва дар як вақт солҳои 1946–1948 корманди редаксияи «Тоҷикистони Советӣ» буд. Солҳои 1948–2008 ҳамчун муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва демографияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои ташкили ҳудудии истеҳсолоти қисмати ҷанубии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Москва, Киев, Ленинград, Боку, Бишкек, Киев, Минск, Тифлис, Душанбе) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Дар муддати зиёда аз 50 соли фаъолияташ дар донишгоҳи омӯзгорӣ ба тайёр намудани ҳазорон мутахассисони варзидаи соҳаи таълиму тарбия саҳм гузоштааст. Барои хидматҳояш бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ордени «Дӯстии халқҳо» ва медали собиқадори меҳнат сарфароз карда шудааст.

Осор вироиш

  • Экономическая и социальная география Таджикистана. — Д.: Ирфон, 1998.

Пайвандҳо вироиш