Ромин Ҷаводӣ (форсӣ: رامین جوادی‎, олмонӣ: Ramin Djawadi; тав. 19 июли 1974, Дуйсбург, Олмон) — оҳангсози олмонии эронитабори мусиқии оркестрӣ барои филмҳо ва телевизион. Бештар бо мусиқиҳои филмҳои «Воркрафт» («Варкрафт»), «Марди оҳанин» («Железный человек»), «Ҳошияи Уқёнуси Ором» («Тихоокеанский рубеж»), «Девори бузург» («Великая стена»), ҳамчунин сериёлҳои телевизионии «Фирор аз зиндон» («Побег из тюрьмы»), «Бозии тоҷу тахт» («Игра престолов»), «Дунёи ғарб» («Мир Дикого запада») ва «Гумонбар» («В поле зрения») машҳур гардидаст.

Ромин Ҷаводӣ
форсӣ: رامین جوادی
олмонӣ: Ramin Djawadi
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 июл 1974(1974-07-19)[1] (49 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1998 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, таҳиякунандаи мусиқӣ, оҳангсози филм
Соз фортепиано
Сабк мусиқии филм
Ношир(он) WaterTower Music[d]
ramindjawadi.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Ромин Ҷаводӣ дар Дуйсбурги Олмон ба дунё омадаст. Падараш муҳоҷир аз Эрон, тибро дар Мюнхен омӯхта ва ба сифати ҷарроҳ баъди анҷоми таҳсил кор кардааст.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш