Ромит рӯд ва дараест дар кӯҳсори Ҳисор.

Номи Ромит вироиш

Ҷойномпажӯҳон бар ин назаранд ки ҷойноми суғдии «Ромит / Romit» аз ду бахш падид омадааст: яке «ro» ва дигаре «mit». Устод Раҳим Додихудоев маънии «rо-» ва гунаҳояш «rоy-», «rawn-» ва «rāw-»-ро «баландӣ; пуштаи чашмасор; марғ» овардааст. Ин вожа дар дигар ҷойномҳо низ омадааст.

Барои намуна, «ro» дар «Roxarw», «Rovan(d)», «Romit», «Rāmiti», «Rāmitan»; «raw» дар «Rawowd», Rawak», «Kandi Raw», «Revad»; «rawn» дар «Rawnow», «Baravn», «Baravni Tori»», «rāw-» дар «Rāwšārv», «Rāwmed», «Rāšārv». Бахши «mit/ miδ/ mitan» ба маънии «ҷой; макон» аст ва «Меҳан» аз ҳамин ҷост: пб: «* maiδanam-» ( > ав. «maeδana-») > пм. «mehan > mihan» = сғ. «meδan // metan».

Пажӯҳишгарон бар ин назаранд ки «Ромит» дар оғоз номи рӯд буда ва сипас бар рӯдхона, яъне дараи он рӯд, ва сипастар бар он минтақа гузаштааст ва маънияш ин будааст: «пуштае ки аз он рӯд барояд». Ҷойгоҳи дараи Ромит ва вижагиҳои заминшинохтияш ин маъниро комилан таъид мекунанд.

Манбаъ вироиш