Рюноскэ Окутогово (1 марти 1892 — 24 июли 1927) — нависандаи Япония. Қодири Рустам соли 2020 гузидаи осори Окутоговоро бо унвони "Азобҳои ҷаҳаннам" аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард.

Рюноскэ Акутагава
ҷопонӣ: 芥川 龍之介
Ном ба ҳангоми таваллуд: ҷопонӣ: 新原 龍之介
Тахаллусҳо: 我鬼 ва 柳川 隆之助
Таърихи таваллуд: 1 март 1892(1892-03-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 июл 1927(1927-07-24)[4][1][2][…] (35 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, филмноманавис, рӯзноманигор, мунтақиди адабӣ, шоир, қиссанавис
Солҳои эҷод: аз 1914
Жанр: қисса[d]
Забони осор: инглисӣ[1] ва жопунӣ[6][1][7]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома вироиш

Шуъбаи забони англисии Донишгоҳи императории Токиоро хатм кардааст (1916). Дар солҳои донишҷӯӣ маҷаллае бо номи «Синсите» таъсис намуд ва дар пайравии методи услуби неореализм асарҳо меофарид. Пас аз нашри нахустин ҳикояҳояш — «Дарвозаҳои Расёмон» (1917) ва «Бинӣ» шуҳратёр гардид. Баъди хатми донишгоҳ ба тадриси забони англисӣ машғул шуд. Дар ин давра, дар муддати 9 моҳ 20 новелла эҷод кард, ки қаҳрамони онҳо омӯзгори покизакор Ясукити мебошад. Акутагава дар адабиёти Япония чун устоди новелланавис эътироф гардидааст. Яке аз нахустин нависандагонест, ки мавзӯъҳои миллии Японияро бо анъанаҳои адабии европагӣ тавъам сохтааст. Ба мавзӯъҳои фалсафӣ, хаёлоти бадеии илмӣ, иҷтимоӣ таваҷҷуҳ дошт. Соли 1935 дар Япония ҷоизаи адабие ба номи Окутогово таъсис дода шуд. Аз осори Окутогово як новелла бо номи «Азобҳои ҷаҳаннам» ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст (маҷалаи «Садои Шарқ», 2010, № 8, мутарҷим Қодири Рустам).

Осор вироиш

  • Жизнь. Творчество. Идеи, М., 1980.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 34. — ISBN 978-2-221-06888-5
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 Акутагава Рюноскэ // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. японская Википедия (яп.) — 2001.
  6. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  7. CONOR.Sl

Адабиёт вироиш

  • Слова пигмея: Рассказы. Воспоминания. Эссе. Письма, М., 1992.

Сарчашма вироиш