Саидалӣ Гулов

зистшинос

Саидалӣ Гулов (Гулов Саидалӣ Маъмурович; зод. 19 августи 1954, ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷи­кистон (1986), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикис­тон (2003), Корманди шоис­таи Тоҷикис­тон (2011).

Саидалӣ Гулов
Гулов Саидалӣ Маъмурович
Саидалӣ Гулов дар соли 2021
Саидалӣ Гулов дар соли 2021
Таърихи таваллуд 19 август 1954(1954-08-19) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии Душанбе
Ҷоизаҳо
Ордени Дӯстӣ — 2001

Зиндагинома вироиш

Хатм­кардаи шуъбаи биология ва химияи факултаи табиатшиносию ҷуғ­рофияи Институти давлатии педагогии Душанбе (1976). Ходими илмии Институти физиология ва биофизикаи рус­тании АИ Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон (1976—1990), муовини декани факултаи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, дотсент (1990—1994), мудири кафедраи меваю сабзавот ва токдорӣ (1994-97), декани факултаи агробизнес (1997—2002), ноиби ректор оид ба таълим (2002—2009), профессори кафедраи боғдорӣ (аз 2009) ва ҳамзамон (аз 2012) декани факултаи агробизнеси ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур.

Пашӯҳишҳои илмӣ вироиш

Дар водии Ҳи­сор дар бораи парвариши рустаниҳои ситрусӣ таҷрибаҳо анҷом дода, роҳу усулҳои нави парвариши онҳоро пеш­ниҳод кард. Нати­ҷаи пажӯ­ҳишҳои Саидалӣ Гулов дар хоҷагиҳои ситруспарварии ҷум­ҳурӣ тат­биқ гаштааст. Таҳти роҳбарии Саидалӣ Гулов 5 нафар рисолаи ном­за­дӣ ва 1 на­фар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Зиёда аз 170 таълифи илмӣ дорад.

Ҷоизаву унвонҳо вироиш

Бо ордени «Дӯс­тӣ» дар соли 2001 қадрдонӣ шудааст.

Осор вироиш

  • Боғдории субтропикӣ. Д., 1998;
  • Мевапарварӣ. Д., 2007;
  • Ме­ва­ҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008;
  • Технологияи парвариши хурмои шарқӣ. Д., 2005;
  • Технологияи парвариши анор. Д., 2009;
  • Бунёд ва нигоҳбини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010;
  • Асосҳои илмии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар Тоҷикистон. Д.,2010;
  • Ситрус­пар­варӣ. Д., 2010;
  • Боғпарварӣ. Д., 2015.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш