Салют

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Салют (фр. Salut ва лот. salus – табрик), шакли табрики тантанавӣ ва ифодаи эҳтиромро ба василаи паррондани тири тӯп ё милтиқ, барафроштани байрақ ва ғайраро гӯянд. Маъмулан барои қайди воқеаҳои муҳим (масалан: Салюти артиллерӣ дар Москав ва дигар шаҳрҳои ИҶШС дар рӯзи идҳои умумихалқӣ), дар вақти парадҳои ҳарбӣ, дар маросими дафни хизматчиёни ҳарбӣ ва арбобони давлатӣ салют медиҳанд. Мувофиқи созишномаи байналхалқӣ ва дохилии давлатҳои молики баҳр салют ҳамчун шакли ифодаи эҳтироми ҳарбию баҳрӣ пешбинӣ шудааст.

Сарчашма вироиш