Самойленко Анатолий Михайлович (укр. Анато́лій Миха́йлович Само́йленко - (тав. 2 январи 1938 Украина), олими украин ва шӯравӣ, доктори илмҳои физикаю математика (1968), профессор (1974). Аз соли 1978 узви вобаста, с. 1995 академик, с.1988 -1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2011).

Анатолий Самойленко
Самойленко Анатолий Михайлович
Таърихи таваллуд 2 январ 1938(1938-01-02)
Зодгоҳ Украина
Таърихи даргузашт 4 декабр 2020(2020-12-04) (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Yurii Mitropolskiy[d][1]
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Самойленко Анатолий Михайлович соли 1960 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси “математика”, соли 1963 аспирантураи Институти математикаи Академияи илмҳои Украинаро хатм кардааст, Солҳои 1963-1974 ба ҳайси ходими илмӣ дар Институти математикаи Академияи илмҳои Украина фаъолият намудааст. Солҳои 1974-1987 ба ҳайси мудири кафедраи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1987 мудири шуъба ва аз соли 1988 то 1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина буд. Солҳои 1998-2011 мудири кафедраи Институти политехникии Киев. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аъзои фахрии чандин Академияҳои илмии давлатҳои хориҷӣ аст.[2].

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ордени “Дӯстии халқҳо”,
  • Ходими шоистаи илм ва техникаи Украина (1998),
  • Дорандаи ҷоизаи давлатии Украина доир ба илм ва техника (1985, 1995)

Манобеъ вироиш

Пайвандҳо вироиш

  1. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  2. [ http://imath.kiev.ua/~sam/ Сомонаи шахсӣ]