Сато асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикон, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва бисьёр халқҳои мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад.

Косаи сато нисбатан калонтар буда, ба танбӯр монанд аст ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Он аз чӯби тут сохта шуда, дарозии умумиаш 130-140 см мебошад. Баъзе мутрибон танбӯрро ҳам монанди сато бо камонча менавозанд ё баракс. Саторо мисли танбӯр бо мизроби филизӣ менавозанд. Одатан ба рӯи сарпӯши сато харак (камоншакл)гузошта ба болои он 3-4 тор мекашанд ва тори миёнаро нисбатан ба торҳои паҳлӯ бо фосилаи кварта ё квинта ҷӯр мекунанд. Инчунин аз тарафи дастааш дар паҳлӯи гӯшакҳо барои акси садо (садои ёридиҳанда) боз 10-11 тори иловагӣ мекашанд. Онҳоро аз таги симҳои асосӣ кашида, ҳам симҳои асосӣ, ҳам иловагиро ба як торгир пайваст мекунанд. Даста пардаҳои диатоники доранд, ки дар вақти онҳоро сахт пахш кардан садо аз пардаи асосӣ қариб ним тон(парда) баландтар садо медиҳад. Бо сато асосан оҳангҳои лирикии ҳазин (оҳагҳои класикии «шашмақом») навохта мешаванд. Саторо баъзан дар ҳайати ансамбли созҳои халқӣ низ истифода мекунанд. Садояш бо овозҳои виоланчел наздик аст,сози сато аз нав таъмир (реконструксия) гардид, ки пардаҳои зеҳиаш ба металлӣ дар даста насб шуда иваз карда шуданд. Сато се тори биринҷӣ дошта нотааш дар калиди скрипка сабт ва бо кварта ҷӯр мешавад: тори якум ми-и октаваи хурд, тори дуюм ми-и октаваи хурд ва тори сеюм ля-и октаваи хурд. Он аз навишташ як октава паст садо медиҳад. Диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) сато аз нотаи ми-и октаваи хурд (дар навиштан) то до-и октаваи сеюмро дар бар мегирад.дар Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон Фазлиддин Шаҳобов дар дар навохтани сато ва танбӯр маҳорати беназир дошт. Сато ва танбӯрнавози шинохта –ҳунарманди халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов низ ҳамчунон аст.

Сарчашма вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.3 - Душанбе,2004,
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М,«Музыка», 1980.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.