Саттор Байзоев (тав. 3 апрели 1954, Ӯротеппа)  — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1999), профессор (2004). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1991)[1].

Саттор Байзоев
Саттор Байзоев
Таърихи таваллуд 3 апрел 1954(1954-04-03) (69 сол)
Зодгоҳ Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома вироиш

Факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст (1976). Сарлаборант (1976—1980), корманди хурди илмӣ (1980—1984), корманди калони илмӣи Пажуҳишгоҳи математикаи АУ ҶТ, дотсенти ДДТ ба номи В. И. Ленин (1989—1993), дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1993—1995), дотсент (1995—2000), профессор, мудири кафедраи математикаи оли ва информатика (2000—2002), мудири кафедраи математикаи оли ва амсиласозии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (солҳои 2002-2015). Аз 2015 – то ҳол – профессори кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.[2]

Иштироккунандаи якчанд конфронс ва симпозиумҳои байналхалқӣ (Маскав, 1982; Ленинград, 1983; Галле (Олмон), 1985; Киев, 1992; Новосибирск, 1999; Прага, 2001; Лвов, 2002; Воронеж, 2003; 2006) мебошад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Таҳқиқоти Саттор Байзоев ба назарияи ҳалҳои маҳдуд ва даврии силсилаҳои навъи эллиптикӣ ва гиперболӣ дар ҳамворӣ, назарияи устуворӣ, назарияи матритсаҳо ва математикаи ҳисоббарор бахшида шуда, натиҷаҳояшон дар ҳидродинамика, аэродинамика, масъалаҳои устувории низомҳои ғайрихаттии танзиму идоракунӣ васеъ татбиқ мешаванд. Муаллифи беш аз 100 таълифоти илмӣ. Миқдоре аз мақолаҳои илмиаш дар нашрияҳои илмии Россия, Олмон, ИМА ва диг. давлатҳо нашр шудаанд[3].

Осори илмӣ вироиш

  • Эллиптические системы с ограниченными коэффициентами на плоскости. — Новосибирск, 1999;
  • Мисолу масъалахо аз программасозии хаттӣ. — Хуҷанд, 2002.[4]
  • Баъзе фаслҳои математикаи олӣ. Хуҷанд, — 2011

Эзоҳ вироиш

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
  2. кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Саттор Байзоев(тоҷ.). www. tsulbp.tj. 21 марти 2024 санҷида шуд.
  3. Байзоев Саттор / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 265. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  4. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 74 728 с.