Сафар Солиев (10 марти 1925, деҳаи Қушбулоқ, ноҳияи Куйбишев, вилояти Қурғонтеппа — ?) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1973).

Сафар Солиев
Таърихи таваллуд 12 июн 1925(1925-06-12)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт номаълум
Кишвар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр
Ҷоизаи давлатии СССР

Зиндагинома вироиш

Солиев 1968 Совхозтехникуми ба номи Куйбишеви Қӯрғонтеппаро хатм кард. Солҳои 1941—48 колхозчии колхози «Уйяли»-и ноҳияи Куйбишев, 1948—57 коргар, мудири анбор, 1957—59 сардори бригадаи сабзавоткорӣ, 1959—65 сардори бригадаи пахтакории совхозтехникуми ба номи Куйбишеви шаҳри Қӯрғонтеппа. Аз соли 1966 коргари ҳамин совхоз. Дар инкишофи пахтакории район саҳми калон дорад. Депутати Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6 ва 7), аз соли 1963 узви Комитети Марказии Партияи Комунистии Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо вироиш

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1976). Бо ду ордени Ленин, ордени Революцияи Октябр, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Эзоҳ вироиш