Сафо ва Марва (ар. الصفا والمروة‎) — ду кӯҳи маъруф дар Макка мебошанд, ки рукни (воҷиб) саъй дар байни онҳо анҷом дода мешавад. Он аз Сафо шурӯъ гардида, дар Марва ба поён мерасад. Имрӯзҳо қисматҳое аз он ду кӯҳ каме ҳамвор ва ба бинои масҷид ҳамроҳ карда шудаанд. Ошёнаи дуюми масҷид низ, ҳамон қис­мате, ки дар болои саъйгоҳ қарор дорад, барои саъй му­вофиқ гардонида шудааст.

Кӯҳи Марва.
Кӯҳи Сафо.
Саъйи байни ду кӯҳ

Кӯҳи Сафо дар гузашта низ чандон кӯҳи баланде набуд, балки ҳамон доманаи кӯҳи Абӯқубайсро кӯҳи Сафо мегуфтанд. Марва низ дар доманаи кӯҳи Лаълаъ во­қеъ мебошад. Лаълаъ теғаи кӯҳи Қуъайқиъон аст. Тавсиаи Масҷидулҳаром аз замони малик Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Суъуд соли 1372 ҳ. шурӯъ гардид ва оҳиста-оҳиста Сафо, Марва, саъйгоҳ ва ғайра, ба он ҳам­роҳ гардиданд. Ҳатто берун аз девори масҷид доманаи ҷабали Абӯқубайс ва Лаълаъ низ ҳамвор карда шуда, дар он ҷоҳо роҳ, биноҳо ва ғайра бунёд карда шудааст.

Адабиёт вироиш

  • al-Ṣafā / Joel, B., Braemer, F. and Macdonald, M.C.A. // Encyclopaedia of Islam. 2 ed. — Leiden : E. J. Brill, 1960—2005.