Саффориён (форсӣ: صَفّاریان‎) — дудмони эронӣ, ки бар густарае шомили бахшҳое аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Туркманистони кунунӣ дар солҳои 861—1003 ҳукумат мекарданд[1] ва нақши басазое дар раванди фурӯпошии сиёсии хилофати Аббосӣ доштанд[2]. Онон худро аз наберагони Сосониён медонистанд, ки пас аз ҳамлаи аъроб ба Систон муҳоҷират карда буданд.

Саффориён
Таърихи таъсис 861
Бунёнгузор Яъқуб ибни Лайс
Кишвар
Забони мавриди корбурд арабӣ ва форсӣ
Таърихи фурӯпошӣ 1003
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар замони Саффориён забони форсӣ забони расмӣ шуд ва то ҳудуде аз марги тадриҷии он ҷилавгирӣ шуд. Ба тавре ки Яъқуби Лайс дастур дода буд, ки дар кохи ӯ танҳо ба забони форсӣ сухан гуфта шавад ва сухан гуфтан ба забони арабӣ дорои муҷозот буд, ҳамчунин Яъқуби Лайс аз шоирони бисёре ҳимоят мекард.

Таърих вироиш

Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола аз ҳамин ҷост. Бародаронаш дар сипоҳи хилофат буданд. Баъди даъват шуданаш Яъқуб низ дар артиш шуҳрат пайдо карда, сардори ҳарбӣ ва соҳибмулки маҳаллиро аз амал дур кард ва соли 861 амири Систон шуд. Ӯ ба дастгирии сипоҳиёни худ такя карда, аз итоати халифа сар кашид ва то соли 873 тамоми Эрони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, қисман ҳудуди Афғонистони кунуниро забт кард. Соли 875 ба муқобили халифаи Бағдод лашкар кашид, вале дар муҳориба шикаст хӯрда, қисми зиёди мулкашро аз даст дод ва соли 879 вафот кард. Баъди вафоти ӯ бародараш Амр ибни Лайс (879—900) худро волии халифа эълон намуда, кӯшиш кард, ки мулкҳои Исмоили Сомониро зери даст кунад, вале ин кор ба ӯ муяссар нашуд ва соли 902 ба қатл расид. Мулкҳои Саффориён байни солҳои 900 ва 908 ба давлати Сомониён ҳамроҳ шуд. Саффориён чун вассалҳои Сомониён дар Систон то ибтидои асри 14 дар сарчашмаҳо ба назар расанд ҳам онҳо мавқеи намоёни сиёсӣ надоштанд[3].

Эзоҳ вироиш

  1. C. E. Bosworth. SAFFARIDS(англ.). iranicaonline.org. Encyclopaedia Iranica. 21 сентябри 2023 санҷида шуд.
  2. Кораев Т. К. САФФАРИДЫ // Большая российская энциклопедия. Электронная версия (2017); Дата обращения: 21.09.2023
  3. Саффориён / Н. Неъматов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).