Саъдулло Исломов (2 июни 1943 — 14 июли 2021, Душанбе) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (1990), профессор (1992). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998).[1]

Саъдулло Исломов
Саъдулло Ибодович Исломов
Таърихи таваллуд 2 июн 1943(1943-06-02)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳристон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 14 июл 2021(2021-07-14) (78 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998)

Зиндагинома вироиш

Саъдулло Исломов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1966), ихтисос — «иқтисодиёт». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, демография, сотсиология. Мудири шуъбаи Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон (1972—1974), мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1991—1998). Мудир, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат (1994—2013). Директори Маркази омӯзиши аҳолӣ (1998—2000), мудири Шуъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон (2000—2002), директор — ташкилкунанда (2002), директори Институти демографияи Академияи илмҳои ҶТ (2002—2010). Муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ. (2011).

Даргузашт вироиш

Саъдуло Исломов субҳи 14 июли 2021 бар асари бемории COVID-19 даргузашт[2].

Ҷоизаҳо вироиш

  • Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).

Сарчашма вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. Даргузашти академик Саъдулло Исломов яке аз бунёдгузорони таҳқиқи демографияи Тоҷикистон аз COVID. asiaplustj.info. ASIA-Plus (14 июли 2021). 14 июли 2022 санҷида шуд.