Селезнев Геннадий Сергеевич

Селезнев Геннадий Сергеевич (тав. 1936) - олим, доктори илмҳои техникӣ (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1986).[1]

Селезнев Геннадий Сергеевич
Селезнев Геннадий Сергеевич
Таърихи таваллуд 1936(1936)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Селезнев Геннадий Сергеевич Институти политехникии ба номи С.М.Кирови Уралро хатм кардааст (1959)., ихтисос – «сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: масъалаҳои ба зилзила тобоварии сарбандҳои хокӣ, аз ҷумла сарбандҳои баланд. Мудири озмоишгоҳи ба зилзила тобовари иншооти гидротехникии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ (1963-1995), и.в. раиси Шуъбаи илмҳо оид ба Замин (1994-1995).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Барои меҳнати шоиста»,
  • «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶШС Тоҷикистон (1986).
  • Дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС дар соҳаи сохтмон (1984).

Манобеъ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.