Сирки давлатии Тоҷикистон

Сирки давлатии Тоҷикистон – яке аз муассисаҳои фарҳангию дилхушии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Сирки давлатии Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Соли таъсисёбии Сирки давлатии Тоҷикистон – 1929

Бинои Сирки давлатии Тоҷикистон дар хиёбони Неъмат Қаробоев
Бинои Сирки давлатии Тоҷикистон дар соли 2015
Сирки давлатии Тоҷикистон дар соли 2006
Бинои Сирки давлатии Тоҷикистон дар маркаи почта, соли 2004

Таърих вироиш

Маънои калимаи "сирк" давра буда, саҳнаи давраи сирк, ки дар он ҳунармандон баромад мекунанд, ба дарозии 13-метр барои давиши аспон сохта шудааст. Аввалин маротиба 2 июни соли 1929 сирки тоҷик таъсис ёфт, ки сарварии онро Вилиамс (аввалин директори сирк) ба зимма дошт. Соли 1933 боз як гӯруҳи мукаммали нави сирки рӯи кор меояд. Сирки давлатии Тоҷикистон соли 1935 ба бинои нав кӯчид, ки дар паҳлӯи майдони варзишии «Спартак» ҷой гирифта, аз чӯбу тахта сохта шуда буд. Соли 1968 фаъолияти сирк аз нав таъсис дода мешавад. Моҳи декабри соли 1977 дар шаҳри Душанбе бинои нави муҳташами ҳозираи Cирки давлатии тоҷик дарҳои худро ба рӯи мухлисонаш боз мекунад. Аз 23 июли соли 1970 то соли 1991 муассисаи Сирки давлатии шаҳри Душанбе ба системаи "Союзгосцирк" дохил карда шуда буд. Соли 1992 Сирки шаҳри Душанбе ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва дар базаи он Иттиҳодияи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷиксирк» таъсис дода шуд.

Ҳунарпешагон вироиш

Устодони сирки тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Пирназар Юсуфов, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Тағоймурод Давлатов, Ҷамолиддин Садриддинов, Назриниссо Алиева, Сарват Беҳбудӣ, Абдуҷаббор Турдиев, Роман Ёқубов, Барон Даниэл ва Вансих Владимир (коргардони сирк), ҳунарпешагон - Раъно Ӯрунова, Оғулхон Тӯраева, Хоҷа Раҳматуллоро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳамчун ҳунармандони варзида мешинохтанд. Дар давраи таърихи муосири Тоҷикистон устодони сирки тоҷик фаъолитяташонро давом дода истодаанд.

Нигаред вироиш

Манобеъ вироиш

Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010

Пайвандҳо вироиш

Сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 2 май 2012  сол.