Сироҷиддин Нуриддинов

Сироҷиддин Нуриддинов — мусаввир, кандакор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1967), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982), Рассоми халқии Тоҷикистон (1979), узви Иттифоқи рассомони СССР (1956).

Сироҷиддин Нуриддинов
Сироҷиддин Нуриддинов
Таърихи таваллуд 15 август 1919(1919-08-15)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 22.03.1995
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Унвонҳо Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1967),Рассоми халқии Тоҷикистон (1979),
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982)

Зиндагинома вироиш

Сироҷиддин Нуриддинов 15 августи соли 1919 дар гузари Чақари шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ курси омӯгории Донишкадаи муаллимтайёркунии Самарқандро хатм кардааст (1940). Соли 1952 ба шаҳри Сталинобод омадааст: Ҷонишини директори мактаби миёнаи ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор (1952—1953), кандакори устохонаи Управленияи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1953—1969), омӯзгори Омӯзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимов (1970—1982). То вафоташ ба шогирдон ҳунари кандакориро омӯзонидааст. Сироҷиддин Нуриддинов 22 марти соли 1995 дар Душанбе оламро падруд намудааст.

Эҷодиёт вироиш

Аввалин маҳсули кандакориаш портретҳои В. И. Ленин ва классикони адабиёти форсу тоҷик буданд. Беҳтарин асарҳои худро солҳои 70-ум офаридааст. («Гулистон», «Ду нафар», 1975), дари осорхонаҳои ш.Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Қубодиён аз офаридаҳои ӯст (1976). Ороиши чойхонаи «Фароғат» низ ба ӯ тааллуқ дорад (1970). Бо гурӯҳи ҳунармандони ҷавон дохили бинои «Хонаи хидмати маишӣ» (ҳоло — «Садбарг»-и шаҳри Душанбе, 1973), меҳмонхонаи “Тоҷикистон” (1975—1981) ва Сирки давлатии Тоҷикистон оро додааст (1978). Бо ҳамкории С. Шарифов барои толори истироҳати Қасри иттифоқи касабаи Душанбе аз гаҷ лавҳаи кандакорӣ офаридааст. Соли 1985 дари ТДАОБТ ба номи С.Айниро кандакорӣ кардааст. Офаридаҳои ҳунарии ӯ дар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африко борҳо намоиш дода шудаанд.

Ҷоиза вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С.96. ISBN 978-99947-958-2-6(тоҷ.)