Сироҷиддин Ҳасанов

Сироҷиддин Ҳасанов (10.09.1946, деҳаи Даҳана, ноҳияи Ёвон — 2002) — риёзидон, номзади илмҳои педагогӣ (1985), дотсент (1988).

Сироҷиддин Ҳасанов
Сироҷиддин Ҳасанов
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1946(1946-09-10)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2002(2002)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ (2001), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1965—1969 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1969—1971 ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи номбурда, 1971—1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972—1988 ассистент ва муаллими калон, 1988—1997 дотсент ва мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1980—1983 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил намудааст. Оид ба методикаи омӯзиши вазифаи дорои ду ва ё зиёда аз он тағйирёбанда дар фанни математикаи мактабӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаю фишурдаҳои илмиву методӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Дар як қатор конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

  • Практикум аз лимит, ҳосила ва татбиқи функсияҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1977;
  • Функсияи бисёртағйирёбанда дар машғулиятҳои факултативӣ, Д., 1989;
  • Татбиқи методи координатаҳо дар ҳалли масъалаҳо // Мактаби соаветӣ, 1977, № 5.

Пайвандҳо вироиш