Бобоҷонов Содиқ Нурматович (тав. 9.9.1948, деҳаи Рӯмони ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (1998).

Содиқ Бобоҷонов
Бобоҷонов Содиқ Нурматович
Зодрӯз 9 сентябр 1948(1948-09-09) (75 сол)
Мансубият  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндаигнома вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии танкии фармондеҳии ба номи П. С. Рибалкои ш. Тошкент (1970), Академияи ҳарбии Ситоди генералии ФР (1996). Командири взводи полки таълимӣ-танкии вил. Ҷамбул (1970-73), взводи полки 125-уми гвардиявии таълимӣ-танкии ш. Бийски вил. Олтой (1973-75), муовини фармондеҳ оид ба қисми сиёсии баталиони полки 16-уми мототирандозӣ дар ҶДГ (1976-80), полки танкии қисми ҳарбии 35719 (1980 — 83) ва полки 141-уми двизияи 85-уми мототирандозии Округи ҳарбии Сибир (1983-85), муовини сардори қисми сиёсӣ, дастдурдеҳи калон оид ба корҳои ташкилию ҳарбии дивизияи 13-уми мототирандозӣ дар ҶХМ (1985-87), муовини сардори гурӯҳи зудамал, муовини сардор (1987-89) ва сардори шуъбаи сиёсии дивизияи 242-юми мототирандозии Округи ҳарбии Сибир (1989-92), сардори шуъбаи мактабҳои олӣ ва тайёрии ғайриҳарбии Кумитаи мудофиаи ҶТ (февр.-ноябри 1992), сардори Коллеҷи ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисии Вазорати мудофиаи ҶТ (1992-97), сардори Сарситоди ҚМ ҶТ (1997-98). Аз сент. 1998 мудири бахши маъмуриву ҳуқуқии Ҳукумати вил. Суғд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Барои хидмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (дараҷаи 3) ва 11 медал сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш