Созмони Аҳдномаи Марказӣ

СЕ́НТО (англ. CENTO, CenTO, Cento) — Созмони Аҳдномаи Марказӣ, Созмони паймони марказӣ, (англ. The Central Treaty Organization, The Baghdad Pact, тур. Merkezi Antlaşma Teşkilatı, Bağdat Paktı, форсӣ: سازمان پیمان مرکزی ‎, ар. حلف بغداد ‎), дар солҳои 1955—1958 баъзан бо номи Пакти Бағдод (Аҳдномáи Бағдóд) корбурд мегардид, иттиҳодияи ҳарбию сиёсӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна.

Парчами СЕНТО

Таърих вироиш

24 феврали 1955 баъди дар Бағдод баста шудани аҳдномаи байни Ироқ ва Туркия таъсис ёфта, ҳамон сол 4 апрел Британияи Кабир, 23 сентябри Покистон, 3 ноябр Эрон ба он ҳамроҳ гардиданд. Ироқ соли 1958 аз Аҳдномаи Бағдод баромад. Соли 1959 ИМА бо Эрон, Покистон ва Туркия оид ба ҳамкории зидди «таҳдиди коммунистӣ»-и бевосита ё бавосита шартномаи дутарафа баст, ки асоси фаъолияти Аҳдномаи Бағдод гардиданд. Мақоми асосии онро Шӯрои доимии вазирон ташкил медод, ки соле як бор ҷаласа доир менамуд. Шӯро котибот ва 4 кумита — ҳарбӣ, мубориза бар зидди амалиёти харобиовар, иқтисодӣ ва алоқаро муттаҳид месохт. Ситоди муттаҳидаи банақшагирии ҳарбӣ, зеркумитаҳо ва гурӯҳи техникиро низ дар ихтиёри худ дошт. Аъзои Аҳдномаи Бағдод мунтазам машқҳои ҳарбӣ мегузаронанд, ба ҳамкории байниҳамдигари иқтисодӣ ҳам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Қароргоҳаш аввалан дар Бағдод (то соли 1958) буд ва минбаъд дар Анқара ҷойгир шуд. Баъди ғалабаи инқилоби исломӣ дар Эрон (феврали 1979) ва аз он хориҷ гардидани Покистон Аҳдномаи Бағдод фаъолияташро (августи 1979) расман қатъ намуд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш