Соло (ит. Solo-ягона, як-та) — эпизодест (манзара) дар асари вокалӣ-симфонӣ, хорӣ ё камеравӣ, ки як нафар овозхон ё сознавоз иҷро мекунад. Чунин эпизодҳо зуд-зуд бо ҷӯршавии овозҳои оркестрӣ дастгирӣ меёбанд, чунки бо садобарории ансамблӣ муқобилгузорӣ мешаванд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.365. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)