Вайсблат Соломон Наумович [14.1.1888, Малин (ҳозира Житомир) – 10.6.1965, Киев] — стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй, доктори илмҳои тиб (1947), профессор (1950). Ходими шоистаи илми Украина (1947). Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Киев (1922). Мудири шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй (1927–29), кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Институти такмили ихтисоси духтурони Киев (1929–32), кафедраи ҷарроҳии стоматологии Институти стоматологии Киев (1932–53). Аз соли 1938 то 1953 сармутахассиси Вазорати тандурустии Украина оид ба стоматология буд. В. солҳои ҶБВ ба Тоҷикистон омада, роҳбари курси ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ки дар заминаи кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ таъсис ёфта буд, таъйин гашт (1943). Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин дар стоматология усули беҳиссозиро кашф кардааст. Оид ба масъалаҳои остеомиелитҳои дандонзод, осебҳои ҷоғу рӯй ва омосшиносӣ дар стоматология пажӯҳиш анҷом додааст. 119 таълифоти илмӣ дорад.

Соломон Вайсблат
Таърихи таваллуд 14 январ 1888(1888-01-14)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 июн 1965(1965-06-10) (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша пизишк, ҷарроҳ

Сарчашма вироиш