Соната — (ит.sonare-дар ягон соз навохтан) — жанри мусиқии камеравӣ. Ба фаҳмиши ҳозира (аз миёнаи а.XVIII), асарест барои 1 ё 2 сози мусиқӣ, ки дар шакли Сонатаи силсилавӣ (одатан аз 4-3, камтар 2 қисма) навишта мешавад. Сонатаи якқисма низ ба назар месарад, ки танҳо қисми асосии силсила-сонатаи allegro-ро маҳфӯз медорад.

Таърих вироиш

Дар аввал (а.-ҳои XVI-XVII) Соната асари созӣ номида мешуд, дар фарқият аз кантата–асари вокалӣ. Сонатаи классикии силсилавӣ дар эҷодиёти Мотсарт ва Ҳайдн (нимаи 3-юми а XVIII) эҷод шудаанд ва дар эҷодиёти Бетховен ривоҷ ёфт (чоряки 1-ми а XIX). Дар миёнаи а. XIX навъи нави коркарди Сонатаи якқисма ба вуҷуд омад. Дар охири а. XVIII дар жанри сонатавӣ, Сонатаи фортепианӣ афзалият пайдо кард, пасон Соната барои скрипка ва фортепиано, барои виолончел ва фортепиано ва ҳ.к. ба вуҷуд омаданд. Сонатаҳои фортепиании Ҳайдн, Мотсарт, Бетховен (32 Соната), Шуберт, Шуман, Шопен, Лист, Скрябин, Прокофйев, Сонатаҳо барои скрипка ва фортепианои Мотсарт, Бетховен, Брамс, Григ, Прокофев, Сонатаҳо барои виолончел ва фортепианои Бетховен, Шопен, Рахманинов, Шостакович маъмулу машҳуранд. Композиторони тоҷик низ дар ин жанр асарҳои зиёде барои созҳои гуногун эҷод намудаанд, ки Соната барои фортепиано (1966) ва Соната барои скрипка ва фортепианои Ф.Баҳор (1969), Соната барои фортепианои Ю.Мамедов (1971), Соната барои скрипка ва фортепианои Ш.Ашуров, Соната барои виолончел ва фортепианои З. Нишонов (1975), Соната барои скрипка ва фортепианои Т. Сатторов (1980) ва Соната барои виолончел ва фортепианои А.Одинаев (1975) аз ҷумлаи онҳоянд. Инчунин композиторон Р.Баротов, А.Ёдгоров, Ю.Пиговат, Ш.Пӯлодӣ, М.Светаев ва А.Тошматов дар ин жанр асар офаридаанд.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.364. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)