Сумбоди Муғ (Сунбоди Маҷусӣ, Испаҳбад Фирӯз; Нишопур756 ё 755, Рай) — наҷибзодаи зартуштии эронӣ аз хонадони Корин, сардори шӯриши мардумӣ бар зидди Хилофати Аббосӣ (755), аз тарафдорон ва хунхоҳони Абӯмуслими Хуросонӣ

Сумбоди Муғ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 756 ё 755
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша раҳбари мазҳабӣ

Симбоди Муғ яке аз пайравони Абӯмуслим буда, баъди кушта шудани ӯ оммаро ба муборизаи зидди сиёсати хилофати Аббосиён ва ҳокимони маҳаллӣ бархезонд[1]. Исёнгарон барои гирифтани қасоси хуни Абумуслим ба муқобили Аббосиён тазоҳурот карданд. Сумбоди Муғ аз пайравони Абумуслим, ки дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур ҷой гирифта буданд, қувваҳои ҳарбӣ ташкил карда ба муқобили сарбозони араб ба ҷанг шуд. Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Ҷахвар ибни Марарр (747—756) қувваи ҳарбии даҳ ҳазор нафараро сафарбар кард. Дар натиҷа байни онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай ҷанги хунине сурат гирифт, ки он ҳафтод рӯз давом кард. Ниҳоят, пайравони Сумбоди Муғ шикаст хурданд ва худи ӯ кушта шуд.[2]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Сумбоди Муғ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С. 88.

Адабиёт вироиш