Суннатулло Бобохоҷаев

Суннатулло Бобохоҷаев (Бобохоҷаев Суннатулло Мадвалиевич; 25 майи 1929, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом — 30 сентябри 2003, Душанбе) — геологи тоҷик, доктори илмҳои геологияю минерология (1973), профессор (1990), Ходими шоистаи илми ҶТ(1996), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон. Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1971).

Суннатулло Бобохоҷаев
Бобохоҷаев Суннатулло Мадвалиевич
Таърихи таваллуд 25 май 1929(1929-05-25)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 30 сентябр 2003(2003-09-30) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ заминшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер Унститути давлатии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд (1950)
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» — 1971

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Унститути давлатии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд (1950). Дар Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси х. х. илмӣ, х. к. илмӣ, мудири лаборатория, мудири осорхона, мудири шуъбаи петрография, ходими калони илмӣ (1950-86) кор кардааст. Солҳои 1986-89 мудири кафедраи гидравлика, аз соли 1998 мудири лаб. гидравлика ва геологияи ДАТ буд. Дар соҳаи петрография ва геокимиёи конҳо таҳқиқот бурда, 10 рисола, зиёда аз 200 мақолаву асари илмӣ таълиф кардааст, харитаи ҷойгиршавии конҳои маъдани Қаромазорро тартиб додааст. Бо ташаббуси ӯ асари 4-ҷилдаи «Петрографияи Тоҷикистон» ба чоп расид.

Ҷоизаҳо вироиш

Суннатулло Бобохоҷаев бо ордени «Нишони фахрӣ» (1971) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Петрография и особенности геохимической специализации интрузивных компонентов Восточного Карамазара. Д., 1975;
  • Интрузивные комплексы Западного Карамазара. Д., 1982, Эволюция магматизма Средней Азии. М., 1986;
  • Петрография Таджикистана. Д., 1986; Магматизм полезных ископаемых и геохимия Карамазара (библиография). Д., 1997;
  • Луғати русӣ ба тоҷикиии истилоҳоти геология ва гидрогеология. Д., 2001; Ганҷҳои кишвари тоҷикон. Д., 2003.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш