Сурудҳои халқӣ — яке жанрҳои қадимаи фолклори тоҷик буда, миёни мардум бо номҳои шеър, ашӯла, тарона, бадеҳа, ғазал, нақш ва нақшхонӣ, рубоӣ, мухаммас, байт ва ғайра маълуму машҳур аст. Муҳаққиқон пайдоиши суруду таронаҳои тоҷикиро ба замонҳои хеле қадим, аз ҷумла матни «Готҳо»-и китоби муқаддаси «Авесто» нисбат додаанд. Сурудҳои халқӣ асосан тавассути оҳанг иҷро мегарданд. Онҳо дар асоси жанрҳои адабии манзум ба монанди рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, мухаммас, маснавӣ, қитъа ва ғайра сохта мешаванд. Вазифаи асосии сурудҳои мардумӣ баёни эҳсоси латифи инсонӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳисси ҳувияту ватандӯстӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар сурудҳо фарогири мавзӯҳои ишқӣ-лирикӣ, ҳаҷвӣ, танқидӣ, мотам, ғарибӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти инсон мебошанд. Бинобар сабаби ба дарди ҷомеа наздик будани муҳтавои асосии сурудҳо то имрӯз онҳо миёни мардум маҳбубият доранд ва пайваста дар забони мардум садо медиҳанд. Муҳаққиқони тоҷик сурудҳои мардумиро аз рӯи мазмун ва мундариҷаашон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудаанд:

  • Сурудҳои лирикӣ;
  • Сурудҳои таърихӣ;
  • Сурудҳои динӣ (наътҳо);
  • Сурудҳои шодмонӣ ва базмӣ;
  • Сурудҳои ғамангез ё марсия;
  • Сурудҳои ҳаҷвӣ;
  • Сурудҳои бачагона;
  • Сурудҳои тавсифи табиат;
  • Сурудҳои ҷашну маросимҳо;
  • Сурудҳои мансуб ба касбу корҳо.

Сурудҳои лирикӣ аслан фарогири мавзӯҳои ишқӣ буда, дар онҳо таҷассуми ишқи пок, тасвири лаҳзаҳои гуногуни васли дилдодагон ва амсоли инҳо тавассути санъатҳои зебои бадеӣ ба риштаи назм оварда шудаанд. Сурудҳои лирикиро сарояндагони халқӣ баъзан бо оҳангҳои шӯх дар қатори сурудҳои базмӣ низ дар ҷашнҳои хурсандӣ месароянд. Гурӯҳи дигари сурудҳои мардумиро сурудҳои таърихӣ ташкил менамоянд, ки дар онҳо ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ ва шахсиятҳои машҳур аз қабили «Шӯриши Восеъ», «Шӯриши Қаландаршоҳ», «Шӯриши Усмон», «Шикасти Муқаннаъ», «Ниёзи Кончӣ» ва ғайра, инъикос гардидаанд.

Сурудҳои шодмонӣ аслан бо оҳанги шӯх ва рақсӣ иҷро мегарданд. Мавқеи асосиии чунин сурудҳо ҷашнҳои хурсандӣ, алалхусус, ҷашни арӯсӣ ва хатнасур мебошанд. Дар навбати худ як гурӯҳи калони сурудҳои базмиро муҳаққиқон сурудҳои ҷашни арӯсӣ номгузорӣ намудаанд. Сурудҳои ҷашни арӯсӣ дар васфи домоду арӯс ва лаҳзаҳои гуногуни маросимии онҳо сароида мешаванд. Аз ҷумла, «Сартарошон», «Устои ланги сартарош», «Шаҳ меояде» ё худ: «Саршӯёни гуларӯс», «Бурор-бурор хушрура» ва амсоли инҳо мебошанд, ки бо вуҷуди таърихан қадимӣ буданашон тоимрӯз дар ҷашнҳои арӯсӣ иҷро мегарданд.

Қисми дигари сурудҳои халқӣ мазмуни ҳузнангезу ғамолударо фарогир мебошанд. Дар ин гуна сурудҳо гӯяндагон аз ҷудоӣ, бевафоӣ, дарди ҳиҷрон, ғарибӣ, мусофирӣ, ҷудоӣ аз ёру диёр, никоҳи маҷбурӣ ва ғайра шикоят менамоянд. Ба ғайр аз ин, як гурӯҳи калони сурудҳои ғамангез марсия ном дошта ҳангоми даргузашти инсонҳо бо ғаму андуҳ сароида мешаванд. Миёни мардуми тоҷик марсияҳои зиёде мавҷуданд, ки дар шаклу қолаби муайян сароида шудаанд. Чунончӣ: «Ё мавлон», «Додарам», «Усмонҷонуме», «Абдулмаҷидҷонам балам»ва монанди инҳо, ки то кунун халқ аз онҳо истифода менамояд.

Инчунин як қатор сурудҳое маҷуданд, ки дар онҳо ҳазлу шӯхӣ ва истеҳзо ҷой доранд. Сурудҳои ҳаҷвӣ таҳти мусиқии шӯх иҷро гардида, шунавандаро ба хандаву шодӣ водор менамояд. Ҳангоми иҷрои сурудҳои ҳаҷвӣ сарояндагон бо ҳаракатҳои гуногун, ки дар мазмуни суруд ифода гардидааст, диқатти тамошобинонро ҷалб менамоянд. Ин қабил сурудҳо бештар аз ҷониби масхарабозон иҷро мегарданд. Сурудҳои ҳаҷвии машҳури «Уштурбача монд дар баландӣ», «Ялали бобо», «Бале мурғак» ва монанди инҳо то кунун вуҷуд доранд. Ба ғайр аз ин, тавассути сурудҳои ҳаҷвӣ зулму ситам, камбудиҳои ҷомеа ва муносибати ноодилонаи мансабдоронро низ зери тозиёнаи танқид мекашанд.

Сурудҳои динӣ низ дар қатори сурудҳои дигар миёни мардуми тоҷик мавҷуданд. Дар ин қабил сурудҳо сифатҳои Худованд, амалҳои пайғамбарон ва ҳодисаву қиссаҳои гуногуни динӣ васфу ситоиш мешаванд. Ин навъи сурудҳоро миёни мардум наътхонӣ низ мегӯянд.

Сурудҳои бачагона гуногуншакл ва гуногунмавзӯъ буда, мавридҳои зиёди хондан доранд. Чунончи, суруди алла, сурудҳои навозишӣ ва тавсифӣ, сурудҳои оид ба фаслҳои сол ва табиати атроф, сурудҳои марбути бозиҳои кӯдакон ва ғайра. [1]

Эзоҳ вироиш

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 28-29. – 280 с.