Тадвини филм (англ. Film editing) — яке аз марҳилаҳои охири филмсозӣ аст, ки дар паставлиди филм анҷом мешавад ва тайи он аз интихобу пайванди намоҳои мавҷуд дар филми хом (англ. footage) ва табдили онҳо ба секонс барои расидан ба филми ниҳоӣ баҳра гирифта мешавад.

Як тадвингар ҳангоми кор дар соли 1946.

Мароҳили тадвин вироиш

Дар дунёи филм «тадвин» ҳамон нақши зеҳнро дар воқеъият ба уҳда дорад, бад-ин маънӣ ки ончи пинҳон аст, ошкор мекунаду ончи ошкор аст, аммо ниёзе ба дидани он нест, пинҳон; яъне интихоби беҳтарини тасвир барои дидан. Ин марҳала шомили гузиниши намоҳо ва андозаи онҳо, радиф кардани намоҳо, саҳнаҳову секонсҳо пушти сари ҳам, махлут кардани тамоми садоҳо ва таъйини мизони баландии онҳо ва дар ниҳоят дар ҳам омехтану ҳамгоҳ кардани садои ниҳоӣ бо тасвир аст. Ин корҳо ба василаи истифода аз филмномаи баррасишуда, қоидаҳову усули филмсозӣ ва завқи ҳунариву халлоқияти тавдвингар анҷом мешавад. Агарчи ба ин марҳала монтажу эдит ҳам гуфта мешавад, аммо тадвин ваҷҳи ҳунарии ин марҳала асту монтажу эдит бештар ба маънии истифода аз абзор аст[1][2][3][4].

Тадвин дар синемо маъмулан бар уҳдаи фардест, ки филмсоз набошад, аммо гоҳ филмсоз ба ҷойи тадвингар кор анҷом медиҳад.

Эзоҳ вироиш

  1. تدوین فیلم چیست؟ | سینمای آزاد. 23 Январ 2021 санҷида шуд.
  2. تدوین چیست ؟. web.archive.org (23 апрели 2016). 23 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
  3. کار تدوینگر چیست؟ مراحل تدوین کدامست؟(форсӣ). دنیای کار (20 июли 2015). 23 Январ 2021 санҷида шуд.
  4. : تدوین. daneshnameh.roshd.ir. 23 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.