Тамара Абдушукурова

Тамара Абдушукурова (Абдушукурова Тамара Махсумовна; зод. 24 августи 1940, деҳаи Шулмак, ноҳияи Ғарм) — ҳунарпеша ва коргардони театр, ходими давлатӣ, профессор (1991). Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС тоҷикистон (1970)[1].

Тамара Абдушукурова
1993 — 1995
Пешгузашта Нур Табар
Ҷонишин Ато Ҳамдам
Таваллуд 24 август 1940(1940-08-24) (83 сол)
Таҳсилот
Унвони илмӣ профессор
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Тамара Абдушукурова 24 августи соли 1940 дар деҳаи Шулмаки ноҳияи Ғарми ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1956 баъд азпирӯзӣ дар озмуни ҷавонони ҳаваскор бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба курси 2 студияи тоҷикии Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский Маскав (ГИТИС) дохил шуда соли 1960 онро хатм кардааст[2].

Корнома вироиш

Солҳои 1960—1961 ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Ленинобод, 1961—1972 ҳунарпеша ва коргардони Теат­ри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Лоҳутӣ, 1972—1986 дотсент, мудири кафедра ва проректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1986—1989 муовини аввали Вазири маданияти Тоҷикистон, 1989—1990 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1990—1992 Вазири маданияти Тоҷикистон, 1993—1995 профессори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1997—2002 профессори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ҳамзамон узви Шурои бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи ҳунари театрӣ буд[3].

Театр вироиш

Тамара Абдушукурова дар саҳнаи театр асосан роли занони қавиирода, тавоно ва боиффатро бо маҳорати баланд бозидааст. Беҳтарин ролҳои офаридааш: Смералдино («Шоҳ Гавазн»-и К. Готси), Варя («Ҷавоне аз шаҳри мо»-и К. Симонов), Бунафша («Деҳотӣ»-и М. Иброҳимбеков), Нозӣ («Дуэл»-и М. Байҷиев), Мавҷуда («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ) ва ғ. Чандин асари саҳнавӣ — «Никоҳи мунтахаб»-и К. Голдони, «Ёрони маҳбуб»-и А. Баҳорӣ, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Зангирӣ»-и Н. Гогол ва ғайраро таҳия намудааст[1].

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст[1].

Осор вироиш

  • Садоқат ба касб, садоқат ба хеш. — Д. «Адиб», 2021[4].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Абдушукурова Тамара / М. Ҷӯрабекова // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — С. 55. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
  2. Выпускники актерского факультета. old.gitis.net. 13 марти 2024 санҷида шуд.
  3. Абдушукурова Тамара Махсумовна //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе, 1988, ҷ. 1.- С.26.
  4. Китоби “Садоқат ба касб, садоқат ба хеш”-и Абдушукурова Тамара рӯи чоп омад(тоҷ.). Радиои "Тоҷикистон" (27 октябри 2021). 13 марти 2024 санҷида шуд.