Тамтам — сози мусиқии зарбиест бо садои баландии номуайян. Ватани ин соз Осиё мебошад (истилоҳ аз забони халқҳои ҳинд гирифта шудааст). Қутри лаълича 600-1500 мм, ғафсиаш 8-10 мм, аз хулаи махсус тайёр карда мешавад. Садояш пасти шум бо баландии номуайян, аз pianissimo – ҳила шунаванда то fortissimo-гӯшкаркунанда; дар чорчӯба ё пояҳо овехта, бо кӯбаки мулоими калон зарба зада, садо мебароранд. Баъди зарба Тамтам дурудароз лапиш дорад, якчанд маротиба мавҷаш crescendo ва diminuendo ба вуҷуд меорад. Дар Тамтам тремоло хеле таъсир (эффект)-и хуб ба ҷо меорад.

Тамтам асосан дар оркестри симфонӣ истифода мешавад. Соли 1791 онро Ф.ж. Госсек ба оркестр даровардааст.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.379. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)