Таърихи ҷаҳонгушой

«Таърихи ҷаҳонгушой» (форсӣ: تاریخ جهانگشای‎), «Таърихи ҷаҳонкушо» — асари муаррихи асри 13 форс-тоҷик Алоуддин Атомалики Ҷувайнӣ, ки соли 1260 ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст.

Таърихи ҷаҳонгушой
Нигора
Унвони мақола форсӣ: تاریخ جهانگشای‎
Жанр chronicle[d]
Нависанда Атомалики Ҷувайнӣ
Кишвари созанда
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Quotes work Sarguzasht-i Sayyidna[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мундариҷа вироиш

«Таърихи ҷаҳонкушо» аз муқаддима ва се боб иборат буда, воқеа ва ҳодисаҳои давраи муғулро аз замони шуҳрат ёфтани Чингизхон то ҳуҷуми Ҳалокухон ба муқобили Исмоилиён (1257) дар бар мегирад. Ҷилди аввал ба расму оини қадимии муғулҳо, забткориҳои Чингизхон, ҷилди дуюм ба таърихи Хоразмшоҳиён, Ғуриён, ҷилди сеюм ба ҳукмронии Манғитиён тафсири салтанату ҳаракати Ҳалоку ба Бағдод оид аст. Муаллиф дар «Таърихи ҷаҳонкушо» воқеа ва ҳодисаҳои дида ва шунидаашро шарҳ додааст. Сабаби бисёр фитнаю шикастҳоро зикр намуда, фатҳномаҳоро айнан меорад, дар хусуси мазҳабу оинҳо баҳс мекунад. Муаллиф ба нақли воқеаю ҳодисаҳо маҳдуд нашуда, ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ ҳикоёти латифу дилкаш, мисолҳои зиёди насрию назмӣ меорад. Забон ва сабки «Таърихи ҷаҳонкушо» нисбатан соддаю равон буда, барои омӯхтани таърихи салтанати муғулҳо дар Осиёи Миёна ва донистани бисёр воқеаҳои ҳаёти адабӣ сарчашмаи хуб ба шумор меравад.

Нашрҳо вироиш

«Таърихи ҷаҳонкушо» солҳои 1912—37 дар Лондон, 1958 дар Теҳрон нашр ва ба забонҳои англисӣ, туркӣ ва бисёр порчаҳои он ба русӣ тарҷума шудааст. Нусхаҳои алоҳидаи он дар китобхонаҳои Ленинград, Тошканд, аз ҷумла дар Захираи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти рақами 41 маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш