Темур Зулфиқоров (Зулфиқоров Темур Қосимович, русӣ: Тиму́р Касымович Зульфика́ров; 7 августи 1936, Душанбе) — шоир, румоннавис, воқеъанигор ва намоишноманависи русзабони тоҷик. Узви Иттиҳодияи нависандагони Русия.

Темур Зулфиқоров
Зулфиқоров Темур Қосимович
Темур Зулфиқоров — тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус
Темур Зулфиқоров — тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус
Таърихи таваллуд: 17 август 1936(1936-08-17) (87 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ: Парчами СССР ИҶШС Парчами Русия Русия
Навъи фаъолият: шоир, романнавис ва намоишноманавис
Забони осор: русӣ

Зиндагинома вироиш

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки дар соли 1937 саркӯб шудааст. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Успенская буд.

Таҳсилот вироиш

Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.

Эҷодиёт вироиш

Темур Зулфиқоров аз даврони ҷа­во­нӣ ба осори бузургони адаби фор­сӣ ҳамчун Фир­давсӣ, Низомӣ, Ҷалолуд­дини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ба ҷаҳонби­ниву малакаи адабияш таъсир гузоштанд.

Темур Зулфиқоров бо асари «Дос­тони марги Амир Темур» (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Румон­ҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насруддин, Ума­ри Хайём, Иван Грозний, Те­мури Ланг ӯро шуҳрат­манд карданд. Аз ҷум­ла асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин румони Аврупо-93» ва ҷои­заи «Кол­летс»-и Британияро дарёфт кард. Румони «Ис­тодаву гирён дар миёни об­ҳои равон» аз қиссаи ишқе дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикис­тон баҳс мекунад, ки аз 50 ҳикояти кӯтоҳ дар меҳвари як сужети воҳид таркиб ёфтааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Асари «Там­силҳои тилоии Хоҷа Насруддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтари­ни сол» (2005) ва барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Мер­рилл» (Ҳол­ли­вуд) гардид.

Темур Зулфиқоров ҳамчунин ғо­ли­би панҷумин озмуни назми «Ҳазрати Муҳаммад — раҳ­мате барои оламиён» (со­ли 2011) аст[1]. Ӯ муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеиву мус­танад аст, ки бисёре аз онҳо сазовори ҷои­заҳои гуногун гаштаанд. Аз ҷумла на­моишномаи «Марде аз пайи парандаҳо меравад» соли 1974 дар Деҳлӣ сазовори ҷои­заи «Товуси нуқ­раӣ» шуд; дигар асарҳояш — «Мурғи сиёҳ ё зиндагии зе­ризаминӣ» соли 1980 ҷоизаи аслии наш­рияи «Московский комсомолец» ва «Сароби муҳаббат» соли 1986 ҷои­заи «Шамшери тилоӣ»-ро дар Димишқ гирифтанд. Соли 2009 маҷмӯъаи осори ӯро наш­риёти «Художественная литература» дар ҳафт ҷилд нашр кард. Темур Зулфиқоровро мунақ­қидони Ғарб «Дантеи адабиёти рус» номидаанд.

Ном­задии Темур Зулфиқоровро ду бор солҳои 1990 ва 2010 нашриёти «Худо­жест­венная лите­ра­тура»-и Маскав барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт тавсия намуд.

Соли 2017 бо ҷоизаи байналмилалии Иван Бунин сарфароз гардид.

Темур инчунин барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»-2019 ва 2020 дар бахши фарҳангу ҳунар шуд, ки ҷоиза аз диплом, нишони рамзӣ ва 2 миллион рубл иборат мебошад[2][3].

Тарҷумаи осор вироиш

Осори аслияш ба 12 забони ҷа­ҳон тарҷума шудааст. Соли 1990 асари «Ишқи аввали Хоҷа Насруддин»-ро адиби тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ ба тоҷикӣ тарҷума кард. Баъдан асар­ҳои ӯ «Афъимори мар­ҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест», «Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳам­мад»-и З-ро нависанда Нур Табаров ба забони тоҷикӣ бар­гардон карда, дар шакли маҷмӯа дар нашриёти «Адиб» ба табъ расонид.

Баҳои эҷодиёти шоир вироиш

Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки:

«Шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад».

— Аниса Собирӣ

Адиби шинохта Анатолий Ким, ки мегӯяд Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, бар ин назар аст, ки дар Русия қадрашро надонистаанд. Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад.

Профессор Артём Таласов мегӯяд:

«Барои рамзкушоии Зулфиқоров шумо ба як муассисаи адабӣ, фалсафӣ ва адёншиносӣ ниёз пайдо хоҳед кард».

— Артём Таласов

Ва ҳамаи ин адибону мунаққидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиқоров як нобиғаи ҳанӯз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст.

Китобшиносӣ вироиш

Интишорот
  • «Поэмы странствий» — М.: Молодая гвардия, 1980. — 480 с. — 100 000 экз.
  • «Две легенды о любви» — Душанбе: Ирфон, 1980. — 204 с.
  • «Мудрецы, цари, поэты» — М.: Известия, 1983. — 432 с. — 265 000 экз. (Библиотека «Дружбы народов»)
  • «Эмиры. Мудрецы. Поэты» — Душанбе: Ирфон, 1983. — 384 с. — 14 000 экз.
  • «Таттабубу» поэмы — М.: Советский писатель, 1984. — 344 с. — 30 000 экз.
  • «Первая любовь Ходжи Насреддина», Душанбе: Маориф, 1985. — 160 с. — 50 000 экз.
  • «Охота царя Бахрам-Гура Сасанида» поэмы, стихотворения. — Душанбе: Ирфон, 1986. — 384 с. — 25 000 экз.
  • «Возвращение Ходжи Насреддина» — Илл. А. Гангалюк. — Душанбе: Маориф, 1987. — 480 с. — 50 000 экз.
  • «Первая любовь Ходжи Насреддина» — М.: Советский писатель, 1989. — 704 с. — 100 000 экз. ISBN 5-265-00895-0
  • «Земные и небесные странствия поэта» — М.: Молодая гвардия, 1990. — 446 с. — 65 000 экз. (Премия «Коллетс», 1993 г.)
  • «Любовь, мудрость, смерть дервиша» — Душанбе: Адиб, 1990. — 528 с. — 35 000 экз. ISBN 5-8362-0218-4
  • «Лазоревый странник на золотой дороге» (Песнопения Руси и Азии): Стихотворения, поэмы, притчи. 1962—1988. — Предислов. В. Личутин. Худож. В. Котанов. — М.: Современник, 1991. — 382 с.; ил. — ISBN 5-270-00932-3
  • «Избранное» — М.: Терра, 1992. — 752 с.: ил. — (Литература). — 10 000 экз. ISBN 5-85255-108-X
  • «Книга смерти Амира Тимура» — Минск: Белади, 1998. — 192 с.
  • «Алый цыган» — М.: Московский писатель, 1999. — 424 с.
  • «Суфийский Декамерон» — М.: Русь, 2000. — 18 с.
  • «Лазоревый странник (Песнопения Руси и Азии)» — М.: Молодая гвардия, 2002. — 543 с. — 2000 экз. (Библиотека лирической поэзии «Золотой жираф») ISBN 5-235-02513-X
  • «Камень апокалипсиса» — М.: Хроникёр, 2003. — 432 с.
  • «Золотые притчи дервиша» — Семипалатинск: МКА, 2004. — 227 с.
  • «Золотые притчи Ходжи Насреддина» — Новосибирск: Университет, 2004. — 494 с. (Премия «Ясная поляна», 2004 г.)
  • «Коралловая Эфа» — Тула: И/Д Ясная Поляна, 2005. — 268 с. (Национальная премия «Лучшая книга», 2005 г.)
  • «Книга Детства Иисуса Христа» — Новосибирск: Readable Minds, 2006. — 121 с.
  • «Горькая беседа двух мудрецов-златоустов в диких медвяных травах» — Тула: Гриф и К, 2006. — 280 с.
  • «Избранное» — М.: Издательский дом ПоРог, 2007. — 560 с. — 1000 экз. ISBN 978-5-90-2377-28-3
  • «33 новеллы о любви» — Душанбе: ЭР-граф, 2012. — 352 с. — 1500 экз.
  • «Золотой песок мудрости» — М.: Планета, Романы, поэмы, притчи, 2012.
  • «Золотая пиала любви» — Душанбе: «ЭР-граф», 2015. — 536 с.
  • «Золотые письма любви»: Избранные творения. — М.: Художественная литература, 2017. — 704 с.
Мунтахаби осор
  • Сочинения в семи книгах. — М.: Художественная литература, 2009. — 5000 экз.
    • Цари небесные и земные. — 696 с.
    • Золотые притчи Ходжи Насреддина. — 432 с.
    • Дервиш и мумия. — 480 с.
    • Талдомские журавли. — 464 с.
    • Любовь, мудрость, смерть и загробные странствия дервиша. — 496 с.
    • Лазоревый странник на золотой дороге. — 408 с.
    • Коралловая Эфа. — 464 с.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Зулфиқоров Темур Қосимович / М. Маҳмудов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  • Личутин В. Мир сновидений и открытий // Литература в школе. М., 1990. № 5;
  • Османова 3. Г. Литература путешествий как духовное самопознание личности. Тимур Зульфикаров: земные и зап­редельные странствия поэта // История национальных литератур: Перечитывая и переосмысливая. Вып. 2. М., 1996.

Пайвандҳо вироиш