Тими миллии футболи Тоҷикистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон — дастаи миллӣ, намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои футбол. Ташкилоти идоракунанда — Федератсияи футболи Тоҷикистон. Узви ФИФА ва КФО (AFC) аз соли 1994, инчунин узви АФОМ (FACA). Ғолиби Ҷоми даъвати КФО 2006, барандаи медали нуқраи Ҷоми даъвати КФО 2008 ва барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати КФО 2010.

Тими миллии футболи Тоҷикистон
Лақаб тоҷикӣ: Шерони форс
тоҷикӣ: Тоҷҳо
Конфедератсия КФО
Федератсия Федератсияи футболи Тоҷикистон
Субфедератсия АФОМ
Сармураббӣ Парчами Хорватия Парчами Олмон Петар Шегрт
Капитан Парчами Тоҷикистон Аҳтам Назаров
Бештарин
бозии  миллӣ
Парчами Тоҷикистон Аҳтам Назаров (80)
Беҳтарин
голзан
Парчами Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов (20)
Варзишгоҳи  хонагӣ Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (Душанбе)
Радабандии
ФИФА
99 (+7) (23 январи 2024)
max: 99 (январи 2024)
min: 180 (июл ва октябри 2003)
Коди ФИФА TJK
Форма
Либоси
аввал
Форма
Либоси
дуввум
Нахустин бозӣ
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 2:2 Ӯзбекистон Парчами Ӯзбекистон
(Душанбе, Тоҷикистон; 17 июни 1992)
Беҳтарин пирӯзӣ
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 16:0 Гуам Парчами Гуам
(Табрез, Эрон; 26 ноябри 2000)
Бадтарин шикаст
Ҷопон 8:0 Тоҷикистон Парчами Тоҷикистон
(Осака, Ҷопон; 11 октябри 2011)
Ҷоизаҳои варзишӣ
Ҷоми даъвати КФО
Тилло Бангладеш 2006
Нуқра Ҳиндустон 2008
Биринҷӣ Шри-Ланка 2010

Таърих вироиш

Ибтидои асри XX ва солҳои 90-ум вироиш

Футбол ба қаламрави Тоҷикистон дар оғози қарни 20-ум ворид шуд. Аввалин дастаҳои футболӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таъсис ёфтанд, ки байни онҳо бозиҳои байнишаҳрӣ гузаронда мешуд. Соли 1937 чемпионати ҶШС Тоҷикистон ва каме пас Ҷоми ҶШС Тоҷикистон ташкил шуд.

То нимаи соли 1991 Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва бинобар ин сабаб футболбозони тоҷикистонӣ мисли дигар ҷумҳуриҳои иттиҳодия дар ҳайати тими мунтахаби ИҶШС баромад менамуданд. Дар мусобиқаҳои футболии Спартакиадаҳои тобистона, ки миёни халқҳои ИҶШС баргузор мешуд, дастаи миллии кишвар низ иштирок мекард. Тими мунтахаби ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил ёфта, дар кулли мусобиқоти футболии Спартакиадаи тобистонаи халқҳои ИҶШС иштирок намудааст. Дар чемпионати футболи ИҶШС низ, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон он замон ширкат мекарданд.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии Тоҷикистон тими миллии Тоҷикистон аз нав ташкил шуд. Нахустин бозии расмии байналмилалияшро тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон (2:2) дар чаҳорчӯби Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ - 1992 барпо намуд. Соли 1992 бо расман ба қайд гирифтани ин бозиҳо аз тарафи ФИФА, тими миллии Тоҷикистон ва чаҳор тими миллии дигари Осиёи марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) бо бошгоҳҳояшон иҷозаи ширкат дар мусобиқотҳоеро пайдо карданд, ки таҳти сарпарастии ФИФА баргузор мешаванд. Пас аз даври дуввуми Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашид.

Тими мунтахаби Тоҷикистон соли 1993 дар Ҷоми ЭКО 1993, дар шаҳри Теҳрон иштирок намуда, мақоми сеюмро касб намуд.

Соли 1994 Тоҷикистон расман ба узвияти КФО ва ФИФА пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи ин созмонҳои байналмилалии футбол гардид. Худи ҳамон сол мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон чаҳор бозӣ анҷом дод. Дар соли 1995 ба далели ҷанги дохилӣ ва тамом шудани буҷаи кишвар тими миллӣ натавонист бозиҳои худро баргузор кунад. Дар умум солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандӣ ва норасоии маблағ сабаби мунтазам бозӣ накардани тими миллии Тоҷикистон шуд.

Соли 1996 тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми Осиё-1996 бо тими миллии Ӯзбекистон ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст. Бозии аввал, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби бузург (4:0) ба нафъи тими Тоҷикистон хатм шуд. Дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд тими миллии Ӯзбекистон бар Тоҷикистон бо ҳисоби (5:0) пирӯз шуд дастаи миллии моро аз роҳхат гирифтан ба Ҷоми Осиё, ки соли 1996 дар АМА баргузор шуда буд, бенасиб намуд. Дар солҳои 1997-1999 мунтахаби кишвар 15 бозӣ анҷом дода, дар 7 бозӣ ғалаба шудааст.

Дар солҳои 1992 то 1999 мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 23 бозӣ анҷом додааст, ки дар 9-тоаш ғалаба, 5 бозӣ мусовӣ ва дар 9 бозӣ мағлуб шудааст. Шумораи голҳо: 41—38.

Дастовардҳо вироиш

  •   Дорандаи Ҷоми даъвати КФО: 2006
  •   Финалисти Ҷоми даъвати КФО: 2008
  •   Барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати КФО: 2010

Ҳайати феълӣ вироиш

Дар шаш моҳи ахир ба тими миллии Тоҷикистон бозигарони зерин барои ширкат дар бозиҳо даъват шудаанд.

Омори бозигарон дар моҳи январи соли 2024 аст.

Бозигар Санаи таваллуд Бозӣ Гол Бошгоҳ
Дарвозабонҳо
1 Рустам Ятимов 13 июл 1998(19980713) 40 0   Истиқлол
16 Далер Баротов 29 январ 1999(19990129) 2 0   Истаравшан
23 Муҳриддин Ҳасанов 23 сентябр 2002(20020923) 1 0   Истиқлол
Муҳофизатгарон
2 Зоир Ҷӯрабоев 16 сентябр 1998(19980916) 36 1   Нафтчӣ
3 Табрези Давлатмир 6 июн 1998(19980606) 31 0   Истиқлол
4 Холмурод Назаров 4 феврал 1994(19940204) 3 0   Равшан
5 Манучеҳр Сафаров 31 май 2001(20010531) 34 0   Нафтчӣ
6 Ваҳдат Ҳаннонов 25 июл 2000(20000725) 29 3   Перспулис
12 Содиқҷон Қурбонов 19 январ 2003(20030119) 2 0   Истиқлол
19 Аҳтам Назаров   29 сентябр 1992(19920929) 80 5   Истиқлол
24 Далер Имомназаров 31 май 1995(19950531) 4 0   Эсхата
Миёнмайдонӣ
7 Парвизҷон Умарбоев 1 ноябр 1994(19941101) 49 10   ССКА 1948
8 Комрон Турсунов 24 апрел 1996(19960424) 28 6   Гокулам
10 Алишер Ҷалилов 29 август 1993(19930829) 24 5   Истиқлол
11 Муҳаммадҷон Раҳимов 15 октябр 1998(19981015) 50 3   Бухоро
13 Ҳамадонӣ Камолов 16 январ 2003(20030116) 4 2   Истиқлол
14 Алишер Шукуров 30 март 2002(20020330) 5 1   Кӯктош
17 Эҳсони Панҷшанбе 12 май 1999(19990512) 49 6   Истиқлол
18 Руслан Хайлоев 29 октябр 2003(20031029) 3 0   Тюмен
20 Алиҷони Айнӣ 6 август 2004(20040806) 12 0   Истиқлол
21 Вайсиддин Сафаров 15 апрел 1996(19960415) 3 0   Артиш
Ҳамлаварон
9 Рустам Соиров 12 сентябр 2002(20020912) 16 2   Локомотив Тошканд
15 Шервонӣ Мабатшоев 4 декабр 2000(20001204) 21 3   Истиқлол
22 Шаҳром Самиев 8 феврал 2001(20010208) 26 7   Милсами
25 Нуриддин Ҳамроқулов 25 октябр 1999(19991025) 15 2   Регар-ТадАЗ
26 Муҳаммадалӣ Азизбоев 4 январ 2003(20030104) 2 0   Ҳосилот

Оморҳо вироиш

Бозиҳо вироиш

Футболбоз Бозӣ Гол Аввалин бозӣ Охирин бозӣ
1 Давронҷон Эргашев 74 8 30 июни 2008
2 Фатҳулло Фатҳуллоев 68 9 8 октябри 2007 14 ноябр 2019
3 Аҳтам Назаров 59 5 7 июни 2014
4 Юсуф Рабиев 54 17 26 ноябри 2003 19 март 2013
5-6 Дилшод Восиев 50 8 8 октябри 2007 21 март 2018
Нуриддин Давронов 50 8 13 майи 2008
7 Иброҳим Рабимов 45 9 13 октябри 2004 11 июн 2015
8-9 Хуршед Маҳмудов 42 4 17 ноябри 2004 12 июля 1998
Алишер Тӯйчиев 42 0 13 майи 2008 24 март 2016
10 Ҷаҳонгир Эргашев 35 4 19 марти 2013

Голҳо вироиш

Футболбоз Фаъолият Гол Бозӣ Ба ҳисоби миёна
1 Манучеҳр Ҷалилов 2015-то ҳол 19 39 0,49
2 Юсуф Рабиев 2003—2013 17 54 0,31
3 Нӯъмонҷон Ҳакимов 2003—2011 14 34 0,41
4 Тоҳирҷон Мӯъминов 1992—2003 13 31 0,41
5-6 Иброҳим Рабимов 2004—2015 9 45 0,20
Фатҳулло Фатҳуллоев 2007—2019 9 68 0,13
7-8-9 Дилшод Восиев 2007—2018 8 50 0,16
Нуриддин Давронов 2008—то ҳол 8 50 0,16
Давронҷон Эргашев 2008—то ҳол 8 74 0,06
10-11 Алиёр Ашурмамадов 1992—2006 7 14 0,50
Ҷомихон Муҳиддинов 2003—2010 7 32 0,22

Иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ вироиш

Чемпионати ҷаҳон вироиш

Даври ниҳоӣ чемпионати ҷаҳон Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Ҷой Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
Аз 1930 то 1990 Дар ҳайати мунтахаби ИҶШС - - - - - - -
  1994 Ҳузур надошт - - - - - - -
  1998 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 4 1 1 15 2
   2002 Роҳ наёфт - - - - - - - 2 1 0 1 16 2
  2006 Роҳ наёфт - - - - - - - 8 4 1 3 9 9
  2010 Роҳ наёфт - - - - - - - 4 1 2 1 7 4
  2014 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 2 0 4 6 14
  2018 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 0 1 5 2 20
  2022 Роҳ наёфт - - - - - - - 8 4 1 3 14 12
Ҳамагӣ - - - - - - - - 44 17 8 19 71 67

Ҷоми Осиё вироиш

Даври ниҳоӣ Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Ҷой Б Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
  1992 Ҳузур надошт - - - - - -
  1996 Роҳ наёфт - - - - - - 2 1 0 1 4 5
  2000 Роҳ наёфт - - - - - - 3 2 0 1 6 5
  2004 Роҳ наёфт - - - - - - 6 2 2 2 3 5
     2007 Роҳ наёфт - - - - - -
  2011 Роҳ наёфт - - - - - -
  2015 Роҳ наёфт - - - - - -
  2019 Роҳ наёфт - - - - - - 16 5 3 8 25 29
  2023 1/4 ниҳоӣ 4 1 2 1 3 3 11 6 2 3 19 12
Ҳамагӣ - 1/10 4 1 2 1 3 3 38 16 7 15 57 56
  • Дар давоми баргузории Ҷоми даъвати КФО 2010, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Осиё 2011 гардид.

Ҷоми даъвати КФО вироиш

Даври ниҳоӣ Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
  2006 Қаҳрамон 6 5 0 1 18 2 - - - - - -
  2008 Финалист 5 2 2 1 7 5 3 2 0 1 7 1
  2010 Ҷойи саввум 5 3 0 2 8 5 - - - - - -
  2012 Марҳалаи гурӯҳӣ 3 1 0 2 3 4 - - - - - -
  2014 Роҳ наёфт - - - - - - 3 2 0 1 4 1
Ҳамагӣ Беҳтарин: Қаҳрамон 16 10 2 3 32 12 6 4 0 2 11 2
  • Ин мусобиқот баъд аз соли 2014 бекор карда шуда, дигар баргузор намешавад

Бозиҳои осиёӣ вироиш

Натиҷа Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
  Ҳирошима 1994 Ҳузур надошт - - - - - -
  Бангкок 1998 Даври аввал 5 1 1 3 8 13
  Бусон 2002 Ҳузур надошт - - - - - -
Ҳамагӣ Беҳтарин: Даври аввал 5 1 1 3 8 13
  • Аз соли 2006 тими миллии ҷавонон вобаста ба муқаррароти олимпӣ иштирок мекунанд.


Ҳамаи мусобиқот вироиш

Бозигарони машҳур вироиш

Сармураббиён вироиш

 
Никола Кавазович сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар солҳои 2012—2013
 
Петар Шегрт сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз соли 2022 то ҳол
Сол Сармураббӣ
1992—1994   Шариф Назаров
1994—1995   Владимир Ғуломайдаров
1996   Абдулло Муродов
1997—1998   Зоир Бобоев
1999   Шариф Назаров
2000—2002   Салоҳиддин Ғафуров
2003   Шариф Назаров
2004   Зоир Бобоев
2004—2006   Шариф Назаров
2007   Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
2008—2011   Пулод Қодиров
2011—2012     Алимҷон Рафиқов
2012   Кемал Алиспахич
2012—2013   Никола Кавазович
2013   Мубин Эргашев
2013—2015     Мӯҳсин Муҳаммадиев
2015—2016   Мубин Эргашев
2016—2018   Ҳаким Фузайлов
2018   Алишер Тӯхтаев
2018—2021   Усмон Тошев
2022     Петер Шегрт

Варзишгоҳ вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш