Тиргон — яке аз ҷашнҳои кадимаи эронӣ мебошад ва фасли тирмоҳ баробар бо 13-уми Тир дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад.

Тиргон вироиш

Тиргон яке аз ҷашнҳои эронӣ дар тиррӯз аз тирмоҳ баробар бо 13-уми Тир дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад. Ин ҷашн дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эронӣ) аст. Ин ҷашн дар рӯзи тир (рӯзи сездаҳум) аз моҳи Тир ҷашн гирифта мешавад. Дар таърих санади тиргон «рӯзи камон кашидани Ораш камонгар» эътироф шудааст. Ҳамчунин ҷашни Тиргон ба ривояти А.Беруни дар «Осор-ул-бақия» рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст. Амалҳои дар ин ҷашн ба иҷро мерасида.

Обпошӣ вироиш

Аз сабаи он, ки ин ҷашн дар канори обҳо, ҳамроҳ бо маросими вобаста ба об — обпошӣ ба муносибати он, ки борон дар соли пеш ҳамроҳ буда ва ҳамчун дигар ҷашнҳое, ки бо об ҳампайванд ҳастанд бо номи умуми «Обрезгон», «Обпошон», «Саршуён» ёд шудааст.

Фоли куза вироиш

Яке дигар маросими ин ҷашн монанди бисёре аз ҷашнҳои эронӣ «Фоли кӯза» мебошад. Рӯзи қабл аз ҷашни тиргон душизаро бармегузинанд ва кӯзаи сафоли сабзранги даҳонкушодае ба ӯ медиҳанд, ки «дула» ном дорад. Ӯ ин зарфро аз об покиза тар мекунад ва як дасмоли сабзи абрешимиро ба рӯи даҳони он меандозад. Онгоҳ «дула»-ро назди ҳамон касоне, ки орзӯе дар дил доранд ва мехоҳанд дар маросим «чакдул» ширкат кунанд мебарад. Онҳо ангуштарин, гушвора, сикка ва монанди инҳоро дар оби дул андохта онро ба зери дарахти ҳамешасабз мебаранд. Дар рӯзи ҷашни Тиргон ва пас аз маросими обрезон ҳама касоне, ки дар дул чизе андохтаанд, нияту орзу доштаанд. Дар ҷое гирдиҳам меоянд ва дуҳизаи дулро аз зери дарахт мегиранд ва назди ҷамшудагон меоранд. Ногуфта намонад, ки дар ин маросим бештар бонувон ширкат мекунанд ва соли хурдгон бо садои баланд ба навбат шеърҳо мехонанд ва духтар дар поёни шеър дасти худро ба дохили дӯл мебарад. Ва яке аз чизҳоеро берун меоварад ба ин тартиб соҳиби он чиз муҳтоҷ мешавад, ки шеъри хондашуда марбут ба нияти хоста ва орзӯи ӯ будааст.

Дастбанди тир ва бод вироиш

Маросими мазкур аз ҳашт ресмон ба ҳашт ранг мутафовут бофта шудааст. Дар рӯзи бод (баъд аз нуҳ рӯз) онро дар ҷои баландӣ мемонанд, то орзу ва ҳавасҳояшон ба унвони паёмрасон ба ҳамроҳ бибаранд.

Бовариҳои мардумӣ вироиш

Дар бовариҳои мардумӣ дар бораи ҷашни Тиргон ду ривоят вуҷуд дорад: 1) Дар бори фариштаи борон ё Тиштар ва набарди ҳамешагӣ миёни некӣ ва бадӣ аст. Тиштар бо деви хушксолӣ Апуш бо шакли «асаб» сиёҳи аст ва бо гӯшу думи сиёҳи худ зоҳири тарснок дорад рубару шуд муддати се рӯз дар набард мешавад. Дар ин ҷанг шикаст хӯрда ба назди Худои бузург рафта кумак металабад пас аз кумак рафта дар набард пирӯз мегардад. 2) Дар бори Ораш камонгар устура ва қаҳрамони эрониён аст. Миёни эрониён ва Турон солҳо ҷангу ситеза буд. Дар набарди миёни Афросиёб ва Манучеҳр шоҳи Эрон шикасти сахт мехурад. Ин шикаст дар рӯзи нахусти Тир рӯй медиҳад ва саранҷом онҳо созиш мекунанд. Аз сабаи он, ки ин ду кишвар сарҳади миёни худро мушаххас созанд. Ба хулосае моянд, ки аз Мозандарон ба сӯи Хуросон тире партоянд. Дар ҳамин баҳс будан, ки Сапедормаз (эзидбонуи замин) падид шуда, фармон медиҳад, ки тиру камон оваред. Ораш тир андохт ба сӯи Хуросон тир кашид. Тири кашидаи Ӯ аз бомдод то нимарӯз дар осмон мерафт ва канори руди Ҷайҳун бар зери дарахти Кардуйи ки бузургтар аз ӯ дар рӯи замин набуд нишаст .

Пешвози Тиргон дар имрӯз вироиш

Ҷашни Тиргон дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эрон) аст. Ҷашни мазкур ҳамасола дар кӯҳи Домван, Омл ва ҳамасола тавассути зардуштиёни Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон , Карҷ, Язд ва рустоиҳои атроф он, Майбанд, Кирмон, Шероз, Исфаҳон ва ҳатто берун аз Эрон дар Аврупо ва Амрико гузаронида мешавад.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш