Гармиафканӣ — шуоъафкании ҳароратӣ, шуоъафкании электромагнитӣ, ки модда аз ҳисоби энергияи дохилии худ хориҷ мекунад.

Гармиафканӣ тайфи яклухт дошта, нишондоди калонтарини он ба ҳарорати модда вобаста аст. Бо афзудани ҳарорат энергияи умумии гармиафканӣ-и ихроҷшаванда зиёд шуда, нишондоди калонтарин ба қисмати дарозии мавҷаш кӯтоҳ (кӯтоҳмавҷ) мегузарад. Сатҳи филиззи тафсон, атмосфераи Замин, резаситораҳои сафед ва ғ. хосияти гармиафканӣ доранд. Гармиафканӣ дар шароити дар мувозинати комил будани модда барои ҳамаи равандҳои бетобиш (мас., барои шаклҳои гуногуни бархӯрдҳо дар газу плазма, барои табодули энергияи ҳаракатҳои электронию лапишӣ дар ҷисмҳои сахт ва ғайра) ба амал меояд. Ҳолати мувозинатии модда дар ҳар нуқтаи фазо — ҳолати мувозинати термодинамикии маҳдуд буда, бо қимати ҳарорате тавсиф дода мешавад, ки ба он гармиафканӣ-и модда дар ҳамин нуқтаи фазо вобаста аст. Дар мавридҳои умумии системаи ҷисмҳо, ки барои он фақат мувозинати термодинамикии маҳдуд ба амал омада, нуқтаҳои гуногуни он ҳароратҳои ҳархела доранд, гармиафканӣ бо модда дар мувозинати термодинамикӣ қарор надорад. Ҷисмҳои гарм бештар гармӣ ихроҷ намуда, ҷисмҳои сард гармиро фурӯ мебаранд. Дар ин маврид шуоъ аз ҷисмҳои нисбатан гарм ба ҷисмҳои нисбатан сард интиқол меёбад. Барои боқӣ мондани ҳолати собит, ки ҳангоми он тақсимоти ҳарорат дар система собит нигоҳ дошта мешавад, ба ҷисмҳои бештар гарм гармӣ додан ва аз ҷисмҳои бештар сард гармиро гирифтан зарур аст; ин амалро ҳам дар шароитҳои табиӣ (мас., дар атмосфераи Замин) ва ҳам ба таври сунъӣ (мас., дар тафслампаҳо) гузаронидан мумкин аст. Ҳангоми мувозинати термодинамикии комил ҳамаи қисматҳои системаи ҷисмҳо ҳарорати якхела дошта, энергияи гармиафканӣ, ки ҳар як ҷисм ихроҷ мекунад, аз ҳисоби энергияи гармиафканӣ-и аз дигар ҷисмҳо фурӯбурдаи ҷисми мазкур ҷуброн карда мешавад. Дар ин маврид гармиафканӣ бо модда дар мувозинати термодинамикӣ қарор дорад, ки онро афканишоти (нурафкании) мувозинатӣ меноманд (гармиафканӣ-и ҷисми мутлақ сиёҳ дар мувозинат аст). Тайфи афканишоти мувозинатӣ ба табиати модда вобаста набуда, бо қонуни афканишоти Планк муайян карда мешавад. Гармиафканӣ-и ҷисмҳои гармшударо бо Қонуни афканишоти Кирхгоф муайян менамоянд, ки мувофиқи он қобилияти шуоъафканӣ ва шуоъфурӯбурди ҷисмҳо бо қобилияти шуоъафкании ҷисми мутлақ сиёҳ вобаста дониста мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани мувозинати термодинамикии маҳдуд қонунҳои афканишоти Кирхгоф ва Планкро барои афканишу фурӯбурди гармиафканӣ дар газу плазма истифода бурда, раванди интиқоли афканишотро омӯхтан мумкин аст. Ин усул дар астрофизика, мас., дар назарияи атмосфераи ситораҳо васеъ истифода мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш