Тоҳир ибни Абдуллоҳ

(Тағйири масир аз Тоҳири II ибни Абдуллоҳ)

Тоҳир ибни Абдуллоҳ, Тоҳири II (ар. طاهر بن عبد الله بن طاهر‎; Нишопур862) — сарлашкари хуросонӣ, амири тоҳирии Хуросон (845—862), писари Абдуллоҳ ибни Тоҳир. Ӯ ба муддати ҳабдаҳ сол дар замони хулафои Аббосӣ Восиқ, Мутаввакил ва Мунтасир волӣ буд.

Тоҳир ибни Абдуллоҳ
845 — 862
Пешгузашта Абдуллоҳ ибни Тоҳир
Ҷонишин Муҳаммад ибни Тоҳир
Таваллуд
Даргузашт 862
Падар Абдуллоҳ ибни Тоҳир
Фарзандон Муҳаммад ибни Тоҳир

Ҳукмронӣ вироиш

Тоҳир саъй кард, ки равиши падараш Абдуллоҳро идома диҳад, вале замони амирии ӯ авзои Сиистон хароб гардида, шӯриши айёрон сар зад ва амалан Сиистон аз доираи ҳукмронии Тоҳириён хориҷ гашт. Дар ин вақт бар муқобили шӯриши хориҷиҳо, махсусан ҳуҷумҳои пай дар пайи қабилаҳои бодиянишини турк, ки хилофати аббосӣ ва амнияти умумии қаламрави хилофатро таҳдид мекарданд, дастаҳои ғозиён ташкил гардида, бо пурзӯр шудан онҳо ҳатто даъвои қудрати сиёсӣ мекарданд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011. – С. 97.

Адабиёт вироиш