Тоҷибой Абдуллоев (1922, деҳаи Ғӯлакандоз, ноҳияи Пролетар — 2000, ноҳияи Шаҳринав) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45).

Тоҷибой Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1922(1922)
Зодгоҳ деҳаи Ғӯлакандоз, ноҳияи Пролетар
Таърихи даргузашт 2000(2000)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Шаҳринав
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин

Зиндагинома вироиш

Колхозчӣ (1940 — 42). Солҳои 1946 — 65 сардори звенои пахтакорӣ ва аз соли 1966 сардори бригадаи пахтакории колхози Ленини ноҳияи Ҳисор буд. Аз соли 1983 нафақагир. Звенояш ҳосили баланди пахта гирифтааст. Бо ордени Ленин, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш