Турдиқишлоқ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Турдиқишлоқ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 1697 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Турдиқишлоқ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1697 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ҷуғрофиё вироиш

Аз қисмати шим. роҳи калони автомобилгарди Душанбе-Ҳисор мегузарад, аз самти ғарб ба деҳаи Шайнаки Гадои ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти ҷануб ба Ҷамоати шаҳраки Шарора ҳамсарҳад аст.[2].

Иқтисод вироиш

Мардуми Турдиқишлоқ асосан ба кишоварзӣ машғул буда, ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меоранд. Дар ҳудуди Турдиқишлоқ як мактаби асосӣ фаъолият дорад, хонандагон барои идома додани таҳсил ба мактаби миёнаи № 13-и деҳаи Турдибобо мераванд[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 552