Турсунбой Аҳмáдов (Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич; тав. 3 январи 1949, деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом) — агрохимик – хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (2004), узви вобастаи АИКТ (2009).

Турсунбой Аҳмадов
Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич
Таърихи таваллуд 3 январ 1949(1949-01-03) (75 сол)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кишоварзӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Алма-матер ИХҚТ (1971)
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Зиндагинома вироиш

Турсунбой Аҳмадов 3 январи соли 1949 дар деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи ИХҚТ (1971).

Фаъолияти корӣ вироиш

Корманди хурди илмии Институти таҳқиқоти илмии зироат (1971–79), корманди илмии Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ (1979–81), ҷонишин (1981–84) ва сардори Сарраё­сати меваву сабзавоти Вазорати меваю сабзавоти Тоҷи­кис­тон (1984–85), мудири шуъ­баи технологияи парвариши сабзавоти Институти таҳқиқоти илмии боғу токдо­рӣ ва сабзавоткорӣ (1986–90), мудири шуъбаи сабзавоткорӣ (1990–92), ҷонишин ва директори Иттиҳо­дияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар» (аз соли 1993).

Фаъолияти илмӣ вироиш

Турсунбой Аҳмадов оид ба ривоҷи со­ҳаҳои боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, истифодаи нури­ҳо, тухмипарварӣ таҳқи­қоти илмӣ анҷом додааст. Турсунбой Аҳмадов ҳам­муаллифи навъҳои нави пиёз («Ҳисорӣ», «Акбарӣ»), помидор («Акбаралӣ», «Муаттар», «Дубара») ва лӯбиё («Ис­теъмолӣ») мебошад. Муаллифи 120 таъли­фоти илмию тавсияномаҳост.

Ҷоизаву ҷоизаҳо вироиш

Бо Ордени «Шараф» (1999) қадр карда шудааст.

Осор вироиш

  • Хусусиятҳо ва технологияи парвариши тухмии зироати сабзавот дар Тоҷикистон. Д., 1997;
  • Таъсири нуриҳо ва дигар омилҳо ба ҷамъшавии нитрат дар маҳсулоти сабзавоту полезӣ. Д., 2001;
  • Парвариши картошка дар Тоҷикистон. Д., 2003;
  • Истифодаи нуриҳо дар кишти зироати сабзавоту полезии Тоҷикистон. Д., 2004;
  • Низоми илмии пешбурди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон. Д., 2009;
  • Навъи нави пиёзи «Аброрӣ». Д., 2009;
  • Навъи нави пиёз «Ҳисорӣ». Д., 2010.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш