Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ (28 март 186529 июн 1919, Зосун, ноҳияи Айнӣ) — шоир ва яке аз суханварони гавҳарчини адабиёти тоҷик 29 Июни соли 1919 кушта мешавад.

Туғрал Аҳрорӣ
Номи пурра Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: 28 март 1865(1865-03-28)
Зодгоҳ: Зосун Фалғар (Айни)
Таърихи даргузашт: 29 июн 1919(1919-06-29) (54 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Оромгоҳ ва Муҷассамаи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Зиндагинома вироиш

Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар 28 Марти соли 1865 таваллуд ёфтааст. Нақибхон Туғрал дар яке аз оилаҳои давлатманди деҳаи Зосуни Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кудакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст. Нақибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ бо кумаки падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд маскан мегирад ва ба таҳсили улум шуғл меварзад. Дар рафти таҳсил Нақибхон бо як гурӯҳ устодони донишманд ошноӣ пайдо карда, ба халқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад. Баъди хатми мадраса Нақибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгоҳаш бармегардад.

Нақибхон ба Истам ном духтаре аз деҳаи Куруд хонадор мешавад ва дар натичаи нух соли ҳамзистӣ, соҳиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туғрал ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал чунин гуфтааст:

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,
Лутф созад ба мани хаста Худованд агар,
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд хасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ — форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу нахви лугати араби низ устоди комил будааст, ки андешаву маколу оёти арабии иктибоси ва эҷоди калами худаш гувоҳи онанд. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранчбози махорати тамоме дошта, сохиби хатти зебову хонои настаълик хам будааст. Зиёда аз ин, ӯ касби дехкониву ҳунари бинокори, урфу одати халку забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шаҳру деҳотро ба хуби медонистааст. Ва ин ҳама заковати илмиву фазолати инсони ва махорати адабии Туғралро хамзамононаш чиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири хамдаври ӯ Чавдат далели чунин даъвост:

Яктои асри мо буд он шоири ягона,
Бишкуфта буд аз ӯ хар сухбату мачолис.
Дар пеши дониши ӯ донишварон мусаллам,
Равшан бувад ба фаҳмаш хар нуктаю аходис.
Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
Коил шуда ба илмаш хар олиму мударрис.

Туғрали Аҳрорӣ марди хоксору факирпарваре буда, хирси молу пул дар ӯ мушохида намешудааст:

Чунон сомони доман кардаам кунчи каноатро,
Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.

Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувоҳи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммаҳфили як идда ҳунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону ҳофизони пешкадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷуху эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.

Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918—1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва 28 июни соли 1919 дар поёни деҳаи Зосун дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад.

Айни замон мактаби миёнаи № 8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст. Соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.[1]

Намунаи ашъор вироиш

Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаӣ?!
Рост будам чун алиф монанди долам кардаӣ!
Охир эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пои бешуурон поймолам кардаӣ!
Аз чи рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
Куръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?!
Аз ту, эй Ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъқуб лолам кардаӣ!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чи дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?!
Буд дар ойинаи ман акси сад маънӣ дучор,
Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаӣ!
Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ!
Ҳамдамонам нокасони гулу аз дониш тиҳӣ,
Суҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ!
Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад,
То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!

Охирин асаре, ки окои Султон Сафар профессор, дромнавис ва ҳунаршиноси маъруф бо шоъир Қутби Киром навишт ба зиндагӣ ва осори Нақибхон Туғрал ихтисос дошт.[2]

Эзоҳ вироиш