Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов Тӯрақул Зеҳнӣ; 1892, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон10 апрел 1983, Душанбе) — шоир, адабиётшинос ва забоншинос, маорифпарвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Тӯрақул Зеҳнӣ
Нарзиқулов Тӯрақул Зеҳнӣ
Таърихи таваллуд: 1892
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 апрел 1983(1983-04-10)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) соли 1892, дар м. Галаосиёи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд (1905), дар курси яксолаи таълим ва тарбия (1918—1919) таҳсил кардааст. Муал. заб. ва адаб. тоҷ. дар мак. ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ (1919—1925), муҳар. шуъбаи Нашр. давл. Тоҷикистон дар Самарқанд (1926—1932), муал. заб. ва адаб. тоҷ. Техн. пед. Самарқанд (1932—1936), муал. таълими методикаи форсӣ дар УДС ба номи А.Навоӣ (1940—1945). Тӯли 9 сол бо туҳмат дар бадарғаи Сибиру Қазоқистон буд. Аз соли 1956 то охири умр Ходим, ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон.

Эҷодиёт вироиш

Фаъолияти эҷодиаш ҳамчун шоир оғоз ёфтааст (1919—1920). Ашъори ҳаҷвӣ, мақолаҳои танқидиаш бо тахаллусҳои «Сомонӣ», «Рустам», «Мушфиқӣ», «Қӯчқор», «Мулло» дар маҷ. ва рӯзн. «Шӯълаи инқилоб», «Дониш-биниш», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чоп шудаанд. Зиёда аз 300 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таър. адаб. класс. ва сов. тоҷ., роҷеъ ба илмҳои адабиётш., фолклорш. ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аввалин тарҷ. повести Н. В. Гогол «Шинел» (1928).

Яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна:

  • «Омӯзиш» (1928, бо ҳамқаламии В.Маҳмудӣ),
  • «Сарфи забони тоҷикӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1930, 1933, бо ҳамқаламии Б.Ҳоҷизода ва Л.Бузургзода),
  • «Сарф» (бо ҳуруфи лотинӣ, 1935 бо ҳамқаламии Ҳамид Бақозода),
  • «Таронаҳои бачагон» (1927),

муаллифи китоби

Яке аз мураттибони

  • «Фарҳанги забони тоҷикӣ»,
  • «Гулу сунбул» (1963),
  • «Суханварони сайқали рӯи замин» (бо хамқаламии Садри Саъдиев, 1973),
  • «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» (1987).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.52 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6(тоҷ.)