Убайдулло Абдуллоев

Убайдулло Абдулло́ев (тав. 1927, деҳаи Олтинсуюқ, вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи Тоҷикистон (1962).

Убайдулло Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1927(1927)
Зодгоҳ деҳаи Олтинсуюқ, ноҳияи Олтиариқ, ҶШС Ӯзбекистон
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома вироиш

Сардори звено (1944 – 52) ва бригадаи пахтакорӣ (1953 – 67), механики колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1968 – 1983). Аз соли 1984 нафақагири шахсӣ. Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат мекунад. Бригадаи Абдуллоев солҳои 1960 – 62 механизатсиякунонии комплексии парвариши пахтаро ҷорӣ карда, ҳосили фаровон гирифтааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш