Умра

саҳифаи феҳристӣ
Ислом · Масҷид · Ҳаҷ

Ҷузъҳои таркибӣ:

1. Ҳаҷаруласвад 2. Дар 3. Новдон 4. Шозарвон 5. Ҳиҷри Исмоил 6. Мултазам 7. Мақоми Иброҳим 8. Рукни Ҳаҷаруласвад 9. Рукни Ямонӣ 10. Рукни Шомӣ 11. Рукни Ироқӣ 12. Чодари Каъба 13. Ҷойи истодани Иброҳим

Ҳамчунин ниг.

Бани ШайбаЗамзамҚиблаТавофУмраҲарам

Викианбор

Умра (ар. عمرة‎‎‎) — ҳаҷҷи асғар, як қисми ҳаҷ, ки маросими махсус дорад.

Луғат вироиш

Умра дар луғат ба маънои обод кардани ҷоест бо ибодат дар он ва дар истилоҳи шаръ ба маънои ибодати махсусе, ки аз эҳром (шарт), тавоф (рукн) ва саъй байни Сафо ва Марва (воҷиб) иборат аст ва бо тароши­дан ва ё кӯтоҳ кардани мӯи сар ба итмом мерасад.

Анҷои ҳаҷҷи умра аз назари машоих вироиш

Дар назди бузургони моликӣ ва аксари машоихи ҳа­нафӣ дар умр як бор анҷом додани умра суннати муаккада аст ва аз назари пешвоёни шофеъӣ дар зоҳири маз­ҳаб ва ҳанбалӣ бо истинод ба ояти (2: 196) фарз аст:

 وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ وَلَا تَحْلِقُوا رُءُوسَكُمْ حَتَّى يَبْلُغَ الْهَدْيُ مَحِلَّهُ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ بِهِ أَذًى مِنْ رَأْسِهِ فَفِدْيَةٌ مِنْ صِيَامٍ أَوْ صَدَقَةٍ أَوْ نُسُكٍ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ذَلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ   ‎  

«Ва ҳаҷ ва умраро барои Худо ба итмом расонед!»

Умраро ба таври ифрод дар тамоми авқоти сол метавон анҷом дод, ҳамон гуна ки онро дар зимни барномаи ҳаҷҷи таматтӯъ ва қирон дар мавсими ҳаҷ низ метавон анҷом дод.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • ʿUmra / Paret, R. and Chaumont, E. // Encyclopaedia of Islam. 2 ed. — Leiden : E. J. Brill, 2000. — Т. 10.