Усмонҷон Ғаффоров (30 январи 1945, деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Ғафуров, вилояти Ленинобод — 27 октябри 2023, ш. Хуҷанд ) муаррих, ходими давлатӣ, номзади илмҳои таърих (1976), профессор (1997). Корманди шоистаи ҶТ (1999), дорандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров (1999), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (2000), узви Маҷлиси миллии Мачлиси Олии ҶТ (2001), узви Иттифоқи журналистони ҶТ (1997), узви Иттифоқи нависандагони ҶТ (2001).

Усмонҷон Ғаффоров
Таърихи таваллуд 30 январ 1945(1945-01-30)
Зодгоҳ деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Ғафуров, вилояти Ленинобод
Таърихи даргузашт 27 октябр 2023(2023-10-27) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров
Ҷоизаҳо «Корманди шоистаи Тоҷикистон»

Зиндагинома вироиш

Дар ҷамоати Қистакӯз (имрӯза Хистеварз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ, яке аз бунёдгузорони маорифи халқ дар ҷумҳурӣ Абдуғаффор Ҳасанов таваллуд ёфтааст. Соли 1962 мактаби миёнаи № 5, ки имрӯз номи падари бузургворашро дорад, хатм намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Баъди итмоми он соли 1967 ҳамчун хатмкардаи беҳтарин дар кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор гирифта мешавад. Дар ин ҷо ҳамчун ассистенти кафедра фаъолияти кории хешро оҒоз мекунад. Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих кор карда, баъд солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсили илм мекунад ва сари вақт доир ба таърихи матбуоти тоҷик рисолаи номзадиро дифоъ менамояд. Солҳои 1975-1977 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аввал сармуаллим ва баъд дотсенти кафедраи таърихи СССР шуда кор мекунад. Аз моҳи октябри соли 1977 фаъолияти кории У.Ғаффоров боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров идома меёбад. Вай нахуст ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи СССР, сипас солҳои 1993-2001 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, солҳои 2001-2002 декани факултети таърих ва аз соли 2002 то соли 2005 боз аз сари нав ба ҳайси мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият бурдааст. Аз соли профессори кафедра (2006) мебошад. Соли 1997 ба У. Ғаффоров бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои офаридани асарҳои сершумори илмӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ унвони профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик дода шуд. Ӯ ҳамзамон соли 1981 дар Университети давлатии Калинин (Твери имрӯза) ва соли 1990 дар Университети давлатии Тошканд дар курсҳои панҷмоҳаи баланд бардоштани ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ таҳсил кардааст. узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ. У. Ғаффоров солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шуда буд. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2010-2011 референти калони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз соли 2011 то ба имрӯз профессори кафедраи Таърихи ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. У. Ғаффоров ҳамчун публитсист ва қаламкаши хушбаён аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2001 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Санаи 27 октябри 2023 сол аз дунё даргузашт .

Фаъолияти илмӣ вироиш

Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ зиёда аз 60 китоб, беш аз 160 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳо, зиёда аз 700 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расонидааст. У. Ғаффоров дар зиёда аз 230 конференсияҳои сатҳи байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ баромад кардааст. Моҳи июли соли 1999 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар ёдбуди 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Б. Ғафуров иштирок ва маърӯзаи илмӣ кард. Ӯ инчунин бо дастовардҳои илмии худ дар Ереван, Москва, Тошканд, Теҳрон, Киев, Самарқанд, Твер, Мадина, Санкт-Петербург, Шероз, Исфаҳон, Пекин баромад кардааст. У. Ғаффоров мисли падари шодравонаш Абдуғаффор Ҳасанов гулчини ҳикматҳои ниёгон буда, онро ҳамчун олим – омӯзгор дар байни омма тарҒиб мекунад. Омили ин ҳама муваффақиятҳои вай ин китобхонаи ниҳоят бои ӯ мебошад, ки он ҷо беш аз 10 ҳазор китобҳои нодир, дастхатҳои пурарзиш, беш аз 550 папкаҳои алоҳида доир ба бузургони миллат гирд оварда шудааст. Як хусусияти тарзи корбарии У.Ғаффоров дар он аст, ки ӯ аз китобхонаи хеш самаранок истифода бурда тавассути асарҳояш, мақолаҳояш ва радиову телевизион онро ташвиқу тарғиб мекунад. Ва бо ин кори некаш ӯ дар баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳм мегузорад.

Осор вироиш

  • Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон. — Душанбе: Ирфон, 1975. — 96 с.,
  • Қадри нон. — Душанбе: Маориф, 1989. — 36 с.,
  • Равшангари таърих. — Душанбе: Ирфон, 1990. — 202 с.,
  • Марди зарифу шариф. — Хуҷанд, 1996. — 116 с.,
  • Бобоҷон Ғафуров — фарзанди фарзонаи миллат. — Хуҷанд, 1996. — 56 с.,
  • Муқаддасоти Тоҷикистон. — Хуҷанд, 1997. — 28 с.,
  • Фидоии илму маърифат. — Хуҷанд, 1997. — 202 с,
  • Фарзанди замон. Хуҷанд, 1997. — 156 с.,
  • Заводи консерви Қистакӯз — ифтихори деҳа. — Хуҷанд, 1997. — 32 с.,
  • Ҳамдами халқ. — Хуҷанд, 1997. — 56 с.,
  • Ҷони одам" — Хуҷанд, 1998. — 126 с.,
  • Ситораи Шарқ" — Хуҷанд, 1998. — 42 с. (ба забони англисӣ),
  • Алломаи замон. — Хуҷанд, Вароруд, 1998. — 400 с.,
  • Нахуствазирзани тоҷик. — Хуҷанд, 1998. — 48 с.,
  • Турсун Ӯлҷабоев. — Душанбе: Шарқи Озод, 1999. — 304 с.,
  • Дар роҳи ҳаҷ. — Хуҷанд, 2000. −124 с.,
  • Нобиғаи айём. — Хуҷанд, 2000. — 374 с.,
  • Академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ. Хуҷанд: Варорӯд, 2000. — 48 с.,
  • Саидхоҷа Урунхоҷаев. — Хуҷанд: Варорӯд, 2001. — 300 с.,
  • Султони диёри сухан. — Хуҷанд, 2001. — 304 с.,
  • Чароғи ирфон. Хуҷанд, 2002. — 500 с.,
  • Шарбати Қистакӯз. — Хуҷанд, 2002. — 60 с.,
  • Анҷумани саодати миллат. — Хуҷанд, 2002. — 314 с.,
  • Асосгузори саратоншиносии тоҷик. Хуҷанд, 2002. — 400 с.,
  • Миллат аз афрод меёбад мақом. — Душанбе: Адиб, 2004. — 185 с.,
  • Назаршо Додхудоев. — Душанбе: Адиб, 2005. — 255 с.,
  • Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик. — Хуҷанд: Ношир, 2006. — 400 с.,
  • Падарам — тоҷи сарам. — Душанбе: Адиб, 2006. — 230 с.,
  • Ду шохаи пурбор. — Душанбе: Адиб, 2006. — 320 с.,
  • Роҳи каҳкашони умр. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. — 84 с.,
  • Шаҳбози осмони сухан. — Душанбе, Адиб, 2007. — 840 с.,
  • Иҷлосияи наҷотбахши миллат. — Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Р. Ҷалил, 2007. — 258 с.,
  • Абдулаҳад Қаҳҳоров. — Душанбе: Адиб, 2009. — 368 с.,
  • Хистеварз: Замон ва одамон. — Хуҷанд: Ношир, 2009. — 704 с.,
  • Раҳбар (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб») — Хуҷанд: Хуросон, 2010. — 160 с.,
  • Кишваршиноси асили Хистеварз (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»)" — Хуҷанд: Ношир, 2011. — 552 с.,
  • Сайдулло Хайруллоев (зиндагинома). — Душанбе: Адиб, 2012. — 448 с.,
  • Иҷлосияи муждарасони наҷот. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 392 с.,
  • Иҷлосияи тақдирсози миллат. — Душанбе: Адиб, 2012. — 288 с.,
  • Лоиқ Шералӣ. — Душанбе: Адиб, 2012. — 513 с.,
  • Карим Абдулов. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 432 с.,
  • Ахтарони беғуруб. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 428 с.,
  • Дурдона ва дарё (Бахшида ба 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ) — Хуҷанд: Ношир, 2014. −164 с.),
  • Генерал Темурҷон Раҳимбоев. — Хуҷанд: Ношир, 2014. −148 с.,
  • Ҳодӣ Кенҷаев (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 336 с.,
  • Сотим Улуғзода (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Душанбе: Адиб, 2014. — 384 с.

Ҷоизаҳо вироиш

Барои хидматҳои арзанда дар ҷодаи илму фарҳанг ва маорифи кишвар У. Ғаффоров соли 1999 бо фармони Президенти кишвар бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», худи ҳамон сол бо Ҷоизаи ба номи академик Б. Ғафуров дар риштаи илм, соли 2013 бо унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр гардонида шудааст. Аз моҳи марти соли 2011 гирандаи нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пайвандҳои беруна вироиш