Усмон Холдоров — доктори илмҳои кишоварзӣ (1986), профессор (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1987). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).[1]

Усмон Холдоров
Усмон Холдорович Холдоров
Таърихи таваллуд 1936(1936)
Таърихи даргузашт 1996(1996)

Зиндагинома вироиш

Усмон Холдорович Холдоров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958)., ихтисос – «рустанишиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: азхудкунии комплексии рустаниҳои сарзамини кӯҳии Тоҷикистон, мевапарварии баландкӯҳӣ, хоҷагии ҷангал. Директори Пойгоҳи тоҷикистонии озмоишгоҳи ҷангали Институти илмию тадқиқотии Осиёи Миёнагии хоҷагии ҷангал (1964-1988). Директори Институти биологии Помири ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои ҶТ (1988-1996).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

Эзоҳ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.