Фазо (ар. فضا‎) — як густараи себуъдии номаҳдуд, ки ҷисмҳо дар он вуҷуд ва рӯйдодҳо дар он рух медиҳанд ва фосилаву ҷиҳати нисбӣ доранд.[1] Фазои физикӣ ағлаб дар се буъди хаттӣ тасаввур мешавад, аммо физикдонони навин маъмулан онро дар канори замон ба унвони як пайвастори номаҳдуд 4 буъдӣ ба номи фазозамон тавсиф мекунанд. Мафҳуми фазо аҳамияти бунёдин дар дарки ҷаҳони физикӣ дорад. Аммо байни файласуфон ҳамчунон бар сари инки оё фазо худ як мавҷудият аст, ё инки робитае миёни мавҷудиятҳо ё бахше аз як чорчуби мафҳумӣ аст, ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Эзоҳ вироиш

  1. space | physics and metaphysics(англ.). www.britannica.com. Britannica. 5 марти 2022 санҷида шуд.