Факултаи театр, кино ва телевизион (ДДФСТ)

Режиссура, кино ва телевизион — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.

Режиссура, кино ва телевизион
Соли таъсисёбӣ 2020
Донишҷӯён зиёд. 650

Самти фаъолияти факулта вироиш

Факултети режиссура, кино ва телевизион 6 январи соли 2020 таъсис ёфта, яке аз сохторҳои асосии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба шумор меравад. Самти фаъолияташ ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи кино, телевизион ва режиссура нигаронида шудааст. Вазифаи асосии факулт тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ барои минбаъд фаъолият кардан дар кинои ватанию хориҷӣ, саривақт таъмин намудани омма бо навтарин иттилооти дохилу хориҷи кишвар тавассути воситаҳои ахбори электронии омма: телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ мебошад.

Кафедраҳои тахассусӣ вироиш

Факулта дар ҳайати худ ду кафедраи тахассусӣ дорад:

  • 1. Журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ;
  • 2. Режиссура ва продюсерӣ,

Факултаи режиссура, кино ва телевизион аз рӯи ихтисосҳои зерин:

  • Журналисти телевизион ва радио;
  • WEB – журналистика;
  • PR – робита бо ҷомеа;
  • Режиссёри телевизион;
  • Телеоператори кино;
  • Режиссёри филми бадеӣ;
  • Режиссёри намоишҳои театронидашуда ва идҳо мутахассис тайёр мекунад.

Сохтор ва имкониятҳои факулта вироиш

Дар факултаи режиссура, кино ва телевизион зиёда аз 650 нафар донишҷӯён дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) таҳсил мекунанд. Ба донишҷӯён 4 нафар докторҳои илми филологӣ дар бахши журналистика, профессорон, 1 нафар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 нафар номзадҳои илм, дотсентҳо, 8 нафар муаллимони калон, ва 5 нафар муаллимону ассисентон дарс мегӯянд. Устодони шуъбаи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ дар тарбияи насли нави журналистони телевизиону радио таҷрибаи бой доранд ва хатмкунадагони он имрӯзҳо дар шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳру ноҳиявии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва умури дохилӣ, корхонаҳои калони саноатӣ пурсамар фаъолияти эҷодӣ мебаранд. Барои дақиқ омӯхтани касби журналистӣ дар донишкада Студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияҳои танзим, наворбардорӣ ва сабт дар ихтиёри донишҷӯён аст. Ба донишҷӯён журналистон, режиссёрҳо ва наворбардорони варзида ва собиқадор, ки соҳиби таҷрибаи бойи эҷодӣ ва касбӣ ҳастанд аз қабили доктори илмҳои филология, профессор Абдусаттор Нуралиев, доктори илмҳои филология, и.в. профессор Зулфиддин Муъминҷонов, доктори илмҳои филология, и.в. профессор Раъно Бобоҷонова, доктори илмҳои филология, и.в. профессор Саидмуроди Хоҷазод, номзади илмҳои филология, дотсент Бахтиёр Ҳамдамов, номзади илмҳои таърих, дотсент Абдунабӣ Сабуров, номзади илмҳои филология, дотсент Гавҳар Умарова, номзади илмҳои филология, дотсент Зафар Эшматов, муаллимони калон Чорёр Иброҳимов, Ҷумъа Қуддус, Шералӣ Нағзалиев, Хушбахт Беков, Санавбар Мирмуллоева, Бобоҷон Раҳимов, Баҳодур Истамов, Насиба Ғуломова, муаллимон Лутфулло Ниёзов, Адиба Абдуллоева, Муҳаммад Мусоев, Суҳайл Суфиев, Муқаддас Умарова дарс мегӯянд. Таҳсил дар шуъбаи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ дар шакли рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) ба 311 нафар мерасад. Донишҷӯёни шуъбаи мазкур дар якҷоягӣ бо устодон ва кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоии ҷумҳуриявӣ барномаҳои гуногун дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва интеллектуалӣ таҳия намуда пешкаши тамошобинон ва шунавандагон менамоянд. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ чор сол аст. Устодони шуъбаи режиссура ва продюсерӣ ҳам дар тарбияи насли нави режиссёрон, наворбардорон ва продюсерон барои кинои ватанӣ, намоишҳои театронидашуда ва идҳо бо кӯшиши пурсамар фаъолияти эҷодӣ мебаранд. Барои дақиқ омӯхтани касби режиссёри филми бадеӣ, телеоператори кино, режиссёри намоишҳои театронидашуда ва идҳо дар донишкада Студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияҳои танзим, наворбардорӣ ва сабт, клуби Донишкадаи давлатии умумиросиягии киноматеграфияи ба номи С.А.Герасимов дар ихтиёри донишҷӯён аст. Ба донишҷӯён режиссёрҳои филми бадеӣ ва наворбардорони варзида ва собиқадор, ки соҳиби таҷрибаи бойи эҷодӣ ва касбӣ ҳастанд аз қабили Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессор Юсупов Юнус, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. профессор Мирахмедов Фарҳод, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, и.в. профессор Қурбонов Сафаралӣ, и.в. профессор Ғуломов Ашурмамад, номзади илмҳои филология, дотсент Нуриддинов Шамсиддин, и.в.дотсент Сангов Маҳмадалӣ, и.в.дотсент Мирмуллоева Санавбар, и.в.дотсент Султонова Наргис, и.в.дотсент Миралибеков Баҳодур, и.в. дотсент Раҷабов Баҳриддин, муаллимони калон Рашидов Сулаймон, Қодиров Саидҷон, Раҳимова Соро, омӯзгорон Воҳидов Пайрав, Нигматов Алишер, Ҷалолов Набӣ, Зоҳири Сайфулло, Муродов Абдуалӣ, Раҳмонова Соҷида, Маликов Озод, ассисентон Умаров Дилшод, Қодиров Насим, Назаршоев Шавкат дарс мегӯянд. Барои баланд бардоштани дониши донишҷӯён омӯзгорони факултаи режиссура, кино ва телевизион китоб, дастурҳои таълимӣ ва методӣ ба чоп расондаанд. Аз ҷумла, китобҳои “История отечественной журналистики” қисмҳои 1, 2, 3, 4-и Нуралиев А.Н. ва “История зарубежной журналистики” – и Нуралиев А. Н.(бо ҳаммуаллифӣ бо дигарон),“Жанрҳои журналистикаи хабарии телевизион”,“Жанрҳои таҳлилии телевизион”, “Жанрҳои публитсистикаи бадеии телевизион”, “Махсусияти жанрҳои иттилоотию таҳлилии телевизион”, “Телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт” меваи Истиқлол” ва “Жанрҳои журналистикаи телевизион”–и Муъминҷонов Зулфиддин, “Таърихи телевизиони Тоҷикистон”-и Хоҷазод С., “Телевизион ва воқеати Тоҷикистон”-и Умарова Г. “Назарияи драма, намоишҳои сужанок ва сенарияи кино”-и Қуддус Ҷ., “”Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон”-и Эшматов З. ва дигарҳо мавриди истифодаи донишҷӯён ва аҳли кормандони воситаҳои ахбори электронии оммаи кишвар қарор гирифтаанд. Факултети режиссура, кино ва телевизион барои фароғати хуби донишҷӯён чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили вохӯриҳову мулоқотҳо бо шахсиятҳои маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз онро ташкил ва баргузор менамоянд.

Шуъбаи магистратура ва доктор PhD вироиш

Дар факултаи режиссура, кино ва телевизион шуъбаи магистратура, доктор PhD ва маълумоти дуюм амал мекунад ва таълимгирандагони он аз ҳисоби хатмкунандагони шуъбаҳои журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳо ва ҳамчунин аз ҳисоби хатмкардагони шуъбаҳои журналистикаи донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Манбаъ вироиш

Сомонаи донишкада(пайванди дастнорас)

Эзоҳ вироиш