Факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети забонҳои шарқ яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 2002. Декани факултет дотсент Малоҳат Эҳсонзода мебошанд.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият вироиш

Факултети забонҳои шарқ соли 1999 ба ҳайcи шуъбаи шарқшиносии факултети филологияи тоҷик ташкил ёфта, аз моҳи июли соли 2002 чун факултети мустақил дар ҳайъати донишгоҳ арзи вуҷуд дорад. Дар ибтидо шуъбаи шарқшиносӣ ҳамагӣ як кафедра – филологияи араб мавҷуд буд, ки мудирии онро дотсент У.А.Ғаффорова бар уҳда дошт. Моҳи июли соли 2000 дар шуъба кафедраи дигар – кафедраи грамматикаи забони арабӣ ташкил ва сарварии он ба зиммаи дотсент Н. И. Fиёсов вогузор шуд. Шуъбаи шарқшиносӣ дар як муддати кӯтоҳ заминаҳои моддӣ-фаннӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии барои тадрис заруриро фароҳам овард. Дар саргаҳи ташкилшавии шуъба шарқшиносон – хатмкунандагони факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон – Н. Зоҳидов, У.А.Ғаффорова, Н. И. Fиёсов ва А. Раупов меистоданд, ки заҳмати таъсиси факулта ва тадриси фанҳоро дар он ба зимаи хеш гирифтанд. Зимнан, бастани шартнома байни донишгоҳ ва Ассотсиатсияи байналхалқии хайриявии «Таййиба» ба таҳкими базаи моддӣ-техникии факулта ва таъмини кадрҳо ба донишгоҳ кумак расонд. Ин буд, ки аз ибтидо дар баробари мутахассисони шуъба устодони араб Муҳаммадамин Абдуллоҳ Халафуллоҳ (Судон), Абдуллоҳ Ҳамдан (Сурия), Муҳаммад Содиқ Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Муҳаммад (Судон), М. Шаннавӣ (Миср), Умар Юсуф Шарру (Сурия) аз забон ва адабиёти арабӣ дарс медоданд. Ташкили факултети забонҳои шарқ дар вилояти Суғд посухе буд ба ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ дар остонаи садаи нав, зеро омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои паҳнгаштаи арабӣ ва англисӣ заминаҳои пешрафти ҷомеаро фароҳам меоварад.

Дар соли хониши 2001-2002 шуъба ба факултети нав табдил ва профессор У.А.Ғаффорова декани факултети забонҳои шарқ таъин шуд. Ҷоизи қайд аст, ки масъулияти декани факултетро аз соли 2002 то 2006 профессор У.А.Ғаффорова, аз 2006 то 2011 дотсент Н. И. Fиёсов , аз 2011 то 2012 дотсент М.Т. Раҷабова, аз 2012 то 2015 дотсент Н.А. Ҳамробоев, аз 2015 то 2017 профессор У.А.Ғаффорова, аз моҳи майи соли 2017 дотсент Ф. Н. Fиёсова ва аз моҳи майи соли 2018 то 2023 дотсент И. Раҳимов ва аз ноябри соли 2023 н.и. ф. дотсент Малоҳат Эҳсонзода бар уҳда дорад.

Дар факултет се шуъба – шуъбаи арабӣ-тоҷикӣ, арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ ва панҷ кафедра амал мекунанд:

Ба толибилмони факулта олимони варзида – докторони илм, профессорон У.А.Ғаффорова, З. А. Fаффорова, Т. Ваҳҳобов, номзадҳои илм, дотсентон Н. И.Fиёсов , М. Т. Раҷабова, Р. Асроров, Н. А. Ҳамробоев, Ф. А. Насриддинов, И. Раҳимов, Қ. Б. Додобоев, М. Ҳасанова, М. З. Шарипова, Ф. Н. Fиёсова, С. Б. Ҷӯраева, Р. Иброҳимова, М. Аҳмадова ва дигарон дарс медиҳанд.

Дастпарварони факулта вироиш

Пайвандҳо вироиш